1xbet
Ба ҳар як оилаи тоҷик китоби «Шоҳнома» тақдим мекунанд
88

“Шоҳнома”-и безаволи Абдулқосим Фирдавсӣ ба ҳар як хонавода тақдим карда мешавад. Дар ин бора дирӯз дафтари Президенти кишвар хабар дод.

“Тақсим намудани ин шоҳасар, ки бо дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як хонаводаи аҳолии кишвар бояд дастрас карда шавад, аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва водии Рашт шуруъ шуд”,- омадааст дар хабар.

Хотиррасон менамоем, ки китоби “Шоҳнома” бо маблағгузорӣ аз фонди захиравии Президенти кишвар дар ду ҷилди 1200-саҳифаӣ дар нашриёти “Шарқи озод” бо теъдоди 1 миллиону 700 ҳазор нусха ба табъ расидааст.

Ҳанӯз моҳи декабри соли 2023 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур дода буданд, ки китоби “Шоҳнома” нашр ва ба ҳар оилаи кишвар тақдим карда шавад. Ин супориши Сарвари давлат зина ба зина то ҷашни 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон, яъне 9-уми сентябри соли 2026 иҷро шуда, ба ҳар як хонавода “Шоҳнома” дастрас мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД