Ман як зан-модари соҳиби фарзандони баркамол ҳастам. Мо дар як бинои чорошёнаи пойтахт ҳамроҳи шавҳару фарзандонам қариб муддати 15 сол боз зиндагӣ мекунем.
Азбаски зани коргар ҳастам, ҳамсояҳоро хуб намешиносам. Дар ҳамсоягии мо ҷавонзане зиндагӣ мекунад, ки кӯдакони хурдсол дорад. Боре аз даҳони як ҳамсоязани калонсоламон шунида будам, ки ҳамин ҷавонзан одати аз ҳамсояҳо пул қарз гирифтанро доштаасту қарзи гирифтаашро дигар барнамегардонидааст. Шоме дар хона машғули хӯрокпазӣ будам, ки ҳамин ҷавонзан тифли ширмак дар даст дарамонро кӯфта, аз ман 200 сомонӣ қарз пурсид.
Бо гардани каҷ гуфт, ки барои харидани доруи фарзандаш пул надорад ва қарзро пагоҳ бармегардонад. Барои исботи гуфтаҳояш ҳатто ба шавҳараш занг зада, дар ҳузури ман “мардак, ман аз ҳамсоя қарзпурсӣ омадам” гуфт. Азбаски пулҳои ману шавҳарамро мо дар як ҷо нигоҳ медорем, ман ҳам ба гапаш бовар карда, дарҳол 200 сомонӣ бароварда додам. Пулро додаму бо ҳамин 3 сол мешавад, ки ҳамсоязан дигар пулро барнагардонид. Ҳар бегоҳ ҳангоми аз кор баргаштанам ӯро дар назди бинои истиқоматиамон мебинам, ки ҳамроҳи дигар ҳамсоязанҳо нишаста, кораш ғайбату масхара кардани дигарон аст. Заррае шарм надоштану ба чашмам рост нигоҳ карданаш маро асабӣ месозад. Ба худ андеша мекунам, ки аз чунин зани бефаросат чӣ гуна фарзанд ба воя мерасида бошад?
Нигора.