Ба 5 ҳунарманди ҷавон, ки бо ҳунару маҳорати баланди худ мухлисон ва ҳакамонро қоил карда, соҳиби шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” гаштанд, 250 ҳазор сомонӣ мукофот тақдим намуданд. Дар ин бора Вазорати фарҳанг хабар додааст.
Маросими тантанавии ҷамбасти озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” санаи 5-уми октябр баргузор гашта, шоҳҷоизаи озмун насиби 5 нафар ҷавонони ҳунарманд гашт.
Дар номинатсияи оҳангсозӣ-бастакорӣ Фурқат Тоиров, дар номинатсияи сарояндагӣ Фархунда Ғайбуллоева, дар номинатсияи навозандагӣ Ҷалолиддин Абдулоев, дар номинатсияи санъати тасвирӣ Муҳаммадшариф Низомзода ва дар номинатсияи дизайн Нармин Мирзоева соҳиби шоҳҷоизаи озмун гашта, ба ҳар кадом ба маблағи 50 000 сомонӣ мукофот дода шуд. Дар маҷмӯъ ба панҷ нафар ғолибони озмун 250 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.
Иштирокчиёни фаъол аз рӯйи се номинатсия — композиторӣ (оҳангсозӣ), сарояндагӣ, навозандагӣ (дар ҳар номинатсия се жанр вобаста ба синну сол) муайян гардида, ба ғолибони ҷойи якум- як нафар (35 ҳазор сомонӣ), ҷойи дуввум- ду нафар (25 ҳазор сомонӣ) ва ҷойи сеюм- ду нафар (15 ҳазор сомонӣ) туҳфаҳои пулӣ ва Диплом тақдим карда шуд.
Омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар озмун ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро соҳиб шудаанд, соҳиби 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ва Ифтихорнома гаштанд. Дигар иштирокчиёни фаъоли озмун бо Ифтихорнома сарфароз гардиданд.