Дар замоне, ки офтоби ислом тулуъ намуд, даъвати мардум ба дини ҳақ кори хеле мушкил буд. Бутпарастон ҳазрати Муҳаммад (с) ва мусулмонони нахустинро зиёд азоб медоданд. Аз ин рӯ мусулмонон пинҳонӣ ибодат мекарданд ва аз рӯ ба рӯ шудан бо сардори мушрикон (Абӯҷаҳл, Абусуфён, Уқба…) метарсиданд.
Ҳазрати Муҳаммад (с), ки ҳидояти қавмро мехостанд, рӯзе дуо карданд:-«Худоё, исломро бо Умар қувват бидеҳ».
Азбаски теъдоди мусулмонон якто-якто зиёд мешуд, мардуми Макка ба ду гуруҳ ҷудо шуда буданд: Мушрикон (бутпарастон) ва мусулмонон. Шабе ҳазрати Умар (р), ки ҳанӯз ислом наёварда буд, бо худ гуфт: «То ба кай Муҳаммад (с) моро ба фитна меандозад?» Ӯ бо ин андеша шамшерро гирифта, ба сӯи маконе ки Расули Худо (с) ва ёронаш ҷамъ мешуданд, равон шуд, то Муҳаммад (с)-ро ба қатл расонад. Дар роҳ бо марде, ки исломашро пинҳон медошт, рӯ ба рӯ шуд. Ӯ аз Умар (р) пурсид:
-Куҷо меравӣ, эй Умар (р)?
Ӯ гуфт:-Меравам, то Муҳаммад (с)-ро бикушам.
Он мард гуфт:-Агар чунин кунӣ, фарзандони Абдулмуталлиб (хешовандони ҳазрати Муҳаммад) туро (аз рӯи қасос) мекушанд.
Умар (р) гуфт:-Мебинам, ки динатро тағйир додаӣ.
Мард гуфт:-Эй Умар, мехоҳӣ, ки чизе беҳтар аз куштани Муҳаммадро ба ту нишон диҳам?
Умар гуфт:-Бале!
Мард гуфт:-Назди хоҳарат бирав, ки ба дини Муҳаммад (с) гаравидааст.
Умар пурсид:-Оё воқеан ӯ чунин кардааст?
Мард гуфт:-Бале!
Умар бо шамшери бараҳна ба хонаи хоҳараш Фотима рафт. Фотима бо шавҳараш Саъид ибни Зайд (р) ва Хабоб ибни Арта (р) ҳузур доштанд. Фотима дарро кушод.
Умар гуфт:-Ба ман гуфтанд, ки динатро тағйир додаӣ?
Фотима ҷавоб дод:-Эй Умар, агар хайру баракат дар оине ғайри оини ту бошад, чӣ?
Умар аз ғазаб торсакие ба рӯи хоҳараш зад, ки лабаш пора шуда, гӯшвораш аз гӯшаш афтод.
Саъид ибни Зайд (р) ба миён даромада гуфт:-Эй Умар! Агар воқеан, хайру баракат дар ойине ғайр аз ойини ту бошад, чӣ?
Умар ӯро тела дода, ба замин хобонда ба сару рӯяш зад.
Фотима саъй мекард, ки ӯро аз рӯи шавҳараш дур кунад, китобе аз дасташ афтод. Умар гуфт:
-Китобро ба ман бидеҳ!
Фотима ҷавоб дод:-Фақат покизагон ба он даст мезананд ва ту наҷас (нопок) ҳастӣ. Аввал бояд ғусл кунӣ.
Умар аввал шустушӯ карду сипас китобро ба даст гирифт. Дар он сураи «Тоҳо» навишта шуда буд.
Чун Умар оятҳои сураи мазкурро хонд, гуфт: «Муҳаммад куҷост? Мехоҳам мусулмон шавам.
Умар (р) ба маҳалли ҷамъшавии Муҳаммад (с) ва ёронаш ба хонаи Арқаи ибни Абиарқам рафт. Ӯ назди Паёмбари Худо (с) ворид шуд. Расули Акрам (с) аз либосаш гирифта гуфт: «Эй Умар, оё вақти он нарасида, ки мусулмон шавӣ?»
Умар (р) гуфт:-Шаҳодат медиҳам, ки маъбуде ҷуз Худои ягона нест ва ту фиристодаи ӯ ҳастӣ.
Бо шунидани ин сухан хона аз садои «Аллоҳу Акбар» ба ларза афтод. Ҳанӯз аз мусулмон шудани ҳазрати Умар (р) дақиқае нагузашта гуфт: «Эй Расули Худо (с)! Магар мо барҳақ нестем? Расули Акрам (с) гуфтанд:-Бале, эй Умар!
Боз пурсид:-Магар онон (мушрикон) ботил нестанд?
Расулуллоҳ (с) фармуданд:-Бале, эй Умар!
Умар (р) гуфт:-Пас чаро пинҳонкор бошем?
Расули Худо (с) фармуданд:-Ба фикри ту чӣ кор кунем?
Умар (р) гуфт:-Ҳозир берун меравему мусулмон шуданамонро ошкор мекунем ва эълон менамоем, ки илоҳе ҷуз Худои ягона нест
Расулуллоҳ (с) фармуданд:-Эй Умар (р) ту Форуқӣ (фарқкунандаи) Худованд ба василаи ту ҳақ ва ботилро ҷудо месозад.
Сипас мусулмонон ду саф шуда, аз хонаи Арқам ибни Абиарқам берун омаданд. Як саф аз дунболи Умар ибни Хаттоб (р) ва сафи дигар аз қафои Ҳамза ибни Абдулмуталлиб (р). Такбиргӯии онҳо дар гӯшаву канори Макка танинандоз шуд.
Ҳазрати Умар (р), ки хеле шуҷоъ ва боғайрат буд, хост бузургони қабилаи Қурайшро аз мусулмоншавии худ огоҳ созад. Бо ин ният ба хонаи Абӯҷаҳл ва Абусуфён рафта, мусулмоншавии худро ба онҳо баён кард. Илова бар ин Ҷамил ибни Муъмир ном ҷорчиро огоҳ кард, ки бар тамоми шаҳр мусулмононшавии ӯро эълон намояд. Чун рӯз сафед шуд, мардуми Макка гирди хонаи Каъба ҷамъ шуданд. Мушрикон аз забони ҳазрати Умар (р) калимаи шаҳодатро шунида ба латукӯби ӯ пардохтанд. Вақте Уқба ибни Абумуайт омад, ҳазрати Умар (р) ӯро ба замин зада, ду ангушташро ба чашмони ӯ рост намуда гуфт:
-Бигӯ, ки маро ба ҳолам гузоранд, вагарна чашмонатро аз косахонаи сарат берун мекунам.
Уқба аз тарс мушриконро хоҳиш кард, ки Умар ибни Хатобро раҳо кунанд.
Ҳазрати Умар (р) ба хонаи худ омада, ба фарзандонашон гуфтанд: «То калимаи шаҳодатро ба забон наоред, ман бо шумоён гап намезанам».
Яъне, ҳазрати Умар (р) то фарзандонашро мусулмон накард, хоб нарафт. Писари хурдсолаш ҳазрати Абдуллоҳ ибни Умар (р) гуфт: «Падарҷон, ман як сол аст, ки мусулмон шудаам». Ҳазрати Умар (р) ӯро адаб карда гуфт: «Ту исломатро аз ман пинҳон медоштӣ ва падаратро нобуд месохтӣ? Агар кофир мемурдам, маро ҳамчунон раҳо мекардӣ?
Ҳамин тавр ҳазрати Умар (р) чилумин нафаре буданд, ки ба файзи ислом шарафёб шуданд.