Дар баробари исми мубораки паёмбари гиромии ислом, Ҳазрати Муҳаммад (С. С.) мо номи Абубакр ва Умарро низ тез-тез мешунавем. Дар бораи Ҳазрати Абубакр каму беш маълумот дорем, вале дар бораи Ҳазрати Умар хеле кам медонем. Илтимос, каме дар хусуси ин шахсияти машҳури олами ислом нақл кунед.
БАҲОДУР, аз н. Рӯдакӣ
Посух:
Умар ибни Хаттоб аз шахсиятҳои бузурги олами ислом, дуввумин халифаи Паёмбар (с) ва дорандаи беҳтарин ахлоқи ҳамидаи инсонӣ будааст. Ҳазрати Умар (р) аз қабилаи Қурайш ва аз хонаводаи Асил ибни Адий буда, силсилаи насабаш ба Каъб ибни Луай, бобои ҳафтуми Паёмбар (с), ки бобои нуҳуми Ҳазрати Умар буд, ба Расулуллоҳ (с) мерасад.
Ҳазрати Умар (р) яке аз даҳ нафарест, ки ба онҳо башорати биҳишт дода шудааст. Ӯ дар соли шашуми биъсат, дар синни бистуҳафтсолагӣ исломро қабул кард.
Мусулмон шудани Умар аз баракати дуои Паёмбар (с) буд, ки чунин аст: Расулуллоҳ (с) ба Худованд чунин дуо карда буданд: «Худоё, дини исломро бо мусулмон шудани ҳар кадом аз ин ду марде, ки назди Ту маҳбубтар бошад, Умар ибни Хаттоб ё Амр ибни Ҳишом (Абӯҷаҳл), тақвият бифармо» (Ривояти Имом Аҳмад ва Тирмизӣ).
Паёмбар (с) дар шаъни Умар (р) гуфтаанд: «Умар аз аҳли ҷаннат аст» (Ривояти имом Тирмизӣ).
Қабл аз ба ислом рӯ овардани Ҳазрати Умар саҳобагон бисёр азият медиданд ва аз тарси мушрикон наметавонистанд, ки ошкоро ибодат кунанд. Ибни Саъд ва Табаронӣ аз Абдуллоҳ ибни Масъуд дар ин бора чунин ривоят мекунанд: «Мо мусулмонон ба хонаи Каъба расида наметавонистем, то он вақте ки Умар (р) исломро қабул кард».
Ҳазрати Умар (р) шабҳо одамонро посбонӣ мекард
Ҳазрати Умар (р) аввалин шахсе буд, ки солшумории ҳиҷриро ба роҳ монд. Ӯ аз ҷумлаи аввалинҳое буд, ки мардумро дар намози таровеҳ ҷамъ кард. Ӯ аввалин шахсе буд, ки мардумро шабҳо посбонӣ мекарду аз ҳоҷатмандон хабар мегирифт.
Манзалати Ҳазрати Умар (р) чунон баланд буд, ки Паёмбар (с) дар ҳаққи ӯ гуфтаанд: «Агар баъди ман паёмбаре фиристода шавад, пас Умар аст» (Ривояти Имом Аҳмад ва Тирмизӣ аз Уқба ибни Омир).
Яке аз шахсони боварибахши Паёмбар (с) Умар буд
Ҳазрати Умар чунон мавриди боварии Паёмбар (с) қарор дошт, ки Расулуллоҳ (с) дар бисёр корҳо бо ӯ машварат мекарданд. Чуноне, ки Табарӣ ривоят мекунад, Паёмбар (с) дар бораи ӯ фармудаанд: «Умар бо ман аст ва ман бо Умар. Пас аз ман ҳар ҷо, ки Умар бошад, ҳақ ҳамроҳи ӯст».
Ҳазрати Умар (р) ба ҳадди намунаи комил ҳақ ва рамзи адолат буд, ки адли Умар (р) зарбулмасали хосу ом қарор гирифта, шуҳрати таърихӣ дорад.
Мусалмон бояд марди кор бошад, на марди гуфтор
Ақидаи Умар (р) ин буд, ки мусулмон бояд марди кор бошад, на марди гуфтор. Мард бояд камтар сухан гӯяд ва бештар кор кунад. Ҳазрати Умар (р) худаш чунин буд ва аз дигарон низ талаб мекард, ки чунин бошанд. Ӯст, ки мегӯяд: «Ҳар гоҳ Худо бихоҳад қавмеро хушбахт кунад, онҳоро тавре бор меоварад, ки кирдорашон зиёд бошад ва гуфторашон кам ва агар бихоҳад қавме бадбахт бошад, кору кӯшишро аз онҳо бармегирад ва гуфторашонро зиёд мекунад».
Бинобар ин, ҳар мусулмонро лозим аст, ки ин ахлоқ ва рафтору суханони Ҳазрати Умар (р) - ро барои худ сармашқи зиндагӣ қарор диҳад. Ҳар гуна суханҳои беҳударо як сӯ гузошта, камари ҳимматро маҳкам бандад, меҳнати ҳалолро пешаи худ қарор диҳад, ватани худро обод кунад, дӯстдори худ ва дигарон бошад ва фарзандонро аз касби ҳалол ба воя бирасонад.
Умари Форуқ (р) фитратан одил ва рауф буд, зимомдорон ва коргузоронашро аз байни мардуми рауф ихтиёр мекард. Ҳар гоҳ эҳсос мекард касе аз онҳо номеҳрубон аст, ӯро барканор мекард. Дар ин бора ривоят шуда, ки раёсати ҷоеро ба шахси мудаббир ва кордоне вогузор карда буд. Он шахс ба маҷлиси Ҳазрати Умар (р) меояд, то ҳукмашро гирифта ба маҳали маъмурияташ биравад. Иттифоқан дар ҳамин вақт яке аз фарзандони хурди Ҳазрати Умар (р) ба маҷлис меояд. Ҳазрати Умар (р) ӯро ба оғӯш мекашад ва мебӯсад. Он мард арз мекунад:
- Ё амира-л-муъминин шумо фарзандонатонро мебӯсед? Ба Худо қасам, ман ҳеҷ гоҳ фарзандамро набӯсидаам.
Ҳазрати Умар (р) мефармояд:
- Пас ту, ки ба фарзандат меҳр надорӣ, ба Худо қасам бо мардум бемеҳртарӣ. Пас, ҳукмеро, ки навишта ва ба дасташ дода буд, аз ӯ пас мегирад ва мефармояд:
- Ман ҳаргиз кори мусулмононро ба ту ва амсоли ту нахоҳам супурд.
Ин аст намунаи кордонии Ҳазрати Умар (р).
Мо бояд шукронаи ҳама неъматҳои илоҳиро бе таъхир анҷом диҳем, ки бо сарварии Роҳбари давлатамон дар ин шабу рӯзи нооромии дунё дар Ватани маҳбубамон дар фазои тинҷиву оромӣ ва серию пурию зиндагонӣ мекунем.
Абдулвоҳид ҲОМИДОВ, мутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломӣ