Аъзои як оила дар ноҳияи Спитамен баъди истеъмоли “консерва” заҳролуд шудаанд
19.01.2026
Oila.tj
48

Аъзои як оила дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд баъди истеъмоли хӯриши хонагӣ ё “консерва” заҳролуд шудаанд. Ҳодиса 14-уми январ рух додааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, 5 узви ин оила баъди заҳролудшавӣ дар Бемористони марказии ноҳияи Спитамен бистарӣ шудаанд. Пизишкон аҳволи онҳоро вазнини миёна мегӯянд. Манбаъ мегӯяд, ки 9 каси дигар, ки аз ин хӯриш хӯрда будаанд, аз ташхис гузаштаанд. Ҳамчунин, аз хонаи ин оила 30 банка хӯришро барои ташхис бурдаанд.

Ин бори аввал нест, ки сокинон баъди хӯрдани “консерва” заҳролуд мешаванд. Соли гузашта танҳо дар вилояти Суғд 14 нафар аз консерва заҳролуд шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД