Мошини қимматбаҳои хориҷӣ рӯйи ҳавлии сабзу хураму зебо ва тозаву озода қарор гирифту аз он ҷавони қоматбаланди зебое берун шуда, бо овози баланд гуфт:-Очаҷон куҷоед?!
Ҷавонзани хушсурате, ки дасту остинашро барзада, мӯйҳои дарозашро гирди сараш печонда буд, аз хона берун шуда гуфт:
-Аммаам каме нотоб шудаанду нав хобашон бурд, хона даро Саидҷон, ҳамин ҳоло сари апаамро мешӯяму наздат меоям.
Ин зан Марҳабо зани дуюми бародараш Бахтиёр буд, зани аввали бародараш маъюб аст, чор фарзандаш низ. Ва ин зани биҳиштӣ панҷ сол боз хизмати палонҷу фарзандони маъюби ӯ, инчунин кампири модарашро мекунад. Шукри Худо, ки барои бародараш ду фарзанди солим низ таваллуд кард. Шамсу Қамар нав чорсола шудаанд, онҳо омадани амакашонро шунида, давида омада, ба гарданаш овезон шуданд.
Пас аз понздаҳ бист дақиқа кампири модараш бедор шуду писарашро ба хона хонд, тирамоҳ ҳукм ронад ҳам, ҳаво сард буд.
Саид бо модараш хеле сӯҳбат карда, савғоҳои овардаашро ба фарзандони бародараш, ки ақлашон халалдор ва биноияшон кам буд, тақсим кард. Бахтиёр, ки ба тиҷорат машғул буд, ба шаҳр рафта буд.
Саид ба чеҳраи туршу абрӯвони ба ҳамкашидаи янгааш, ки аз асп фаромада бошад ҳам, ҳамоно пояш дар узангу буд, яъне одами хуб нашуда буд, нигариста гуфт:
-Омадам, ки янгаамро ба хона барам. Каме хурсанд мешавад, зодрӯзи писаронам аст, ҳама ҷамъ мешавем, табъатон болида мегардад.
Янгааш Гулнигор мисли ҳарвақта каме ноз кард ва баъд розӣ шуд, фарзандони ноқисулақлаш хонаи акаам меравем гӯён, хурсанд шуданд.
Саид Гулнигорро, ки баъди буридани пойҳояш ба кундачае шубоҳат дошт, бағал карда, ба мошин шинонду бо модараш хайрухуш карда, роҳакӣ шуд. Писари кенҷаву хушсуханаш рафту кампири Рухсор пиёлаи чой дар даст аз тирезаи хона ба берун нигариста, ба хаёл рафт…
Рухсор хеле ҷавон бева монд, чилу се сол дошт… Се писару панҷ духтарро танҳо ба воя расонид, писарони калонӣ мактабро хатм карданду барои ободии рӯзгор ва кӯмак ба модар ба Русия сафар карданд. Соли вафоти ҳамсараш ду духтараш хонадор кардагӣ буданду халос, дигар ҳамаро танҳо хонадор кард. Ҳарчанд писаронаш пулёбу корчалон буданд, аммо набудани саркалони хона ҳар лаҳза эҳсос мешуд. Писари калониро ба духтари ҳамсоя хонадор карда, рӯзғорашро ҷудо карданд, писари дувумиро бошад, акааш худашро мори сиёҳ карда, ба духтараш дод. Яъне, намехост ҷияни баномус ва хонаву дари бошукӯҳи апааш ба дасти бегона афтанд. Вақте Гулнигор ба ин хона келин шуда омад, дугоникҳои Рухсор Саиду Саида сездаҳ чордаҳсола буданд. Зани писари калонияш Саиду Саидаро баробари ҷонаш дӯст медошт ва дугоникҳо ҳам аз янгаашон канданӣ надоштанд, ҳангоми ба хонаи худашон кӯчидани бародару янгааш чӣ қадарҳо ашк рехтанд ва зуд- зуд барои шабхобравӣ ба хонаи акаашон мерафтанд, вале...
Чун Гулнигор ба хонаашон келин шуда омад, ба сари Саидаву Саид бало рехт, хешдухтарашон чашми дидани онҳоро надошт. Чандин бор аз ҳамсараш Баҳрин шаттаву шалоқ хӯрда, акнун пинҳонӣ ҳевару янгаи бегуноҳашро бад медид. Табақу косаро мешикасту бори Саида мекард, пулҳои шавҳарашро аз кисааш дуздида, бори Саид мекард, шукри Худо, ки Баҳрин саги дузду иғвогару ҷангандоз будани занашро медонисту додару хоҳарашро эрка мекард, равои озори онҳоро надошт. Аммо кампири Рухсор пуштии духтари акаашро гирифта, ҳамеша Саидаву Саидро гирён мекард. Солҳо пайи ҳам гузаштанд, Гулнигори ҷоҳил пайи ҳам ду тифли маъюб таваллуд кард, баъди калонакак шудани фарзандонаш маълум шуд, ки онҳо беақл ва биноияшон кам аст. Ҷоҳилӣ ва баду бахилии ӯ ба дараҷае буд, ки ҳатто ба ҷони худу фарзандонаш раҳм накарда мегуфт:
-Яктааш девона биёяд, яктаи дигараш ҳушёр меояд ку, бо ин шиораш ду фарзанди маъюби дигар ба дунё овард. Ду писару ду духтари маъюб…
Давом дорад