Ман яке аз хонандагони доимии «Оила» ҳастам. Муддати чоруним сол мешавад, ки оиладорам, вале то ҳол фарзанддор нашудаам. Шавҳарам доим «ту гови қисир, намезоӣ» гуфта, маро таъна мезанад. Ба гуфти худаш ҷӯраҳояш аллакай соҳиби 3-4 фарзандӣ гашта, ҳамеша ба ҳоли ӯ механдидаанд, ки зани ту таваллуд на мекунад.
Мегӯяд, ки ту маро дар назди ҷӯраҳоям сархаму забонкӯтоҳ кардӣ. Ҳарчанд мегӯям, ки фарзандро Худованд медиҳад, фаҳмидан намехоҳад. Биё, ҳамроҳ ба духтур равем гӯям, худашро ба девонагӣ зада, ғавғо мебардорад, ки ман ягон айб надорам, худат рафтан гир.
Аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам, ба мани дар ҳасрати фарзанд сӯхта ягон маслиҳати судманд диҳед, то нахли умрам боровар гашта, забонам дар назди дӯсту душман дароз шавад!
М., муштарии «Оила»