Дар Тоҷикистон аз ин пас барои шикори бабри барфӣ, як ҷонвари зебои нодир дар кишвар мумкин аст гунаҳкорро то ба 8 сол зиндон маҳкум кунанд.
Дар Кодекси ислоҳшудаи ҷиноятӣ, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имзо кардаанд, барои фурӯхтани паланги барфӣ ҳам ҷазо таъйин шудааст.
Бар асоси Кодекси ҷиноятии пешин барои шикору куштани ин ҷонвари зебо аз 3 то ба 5 сол ҷазо медоданд. Бар асоси санади нав, барои шикору куштану фурӯхтани бабрӣ барфӣ аз соли оянда ҷаримаҳои бузурги то 220 000 сомонӣ ва 8 сол зиндон пешбинӣ шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон теъдоди бабри барфӣ, ё осиёмиёнаӣ андаке афзуда, аз марзи 500 сар гузаштааст.