toyota motors
Азнавбақайдгирии кортҳои Амонатбонк то моҳи июн идома меёбад
23.04.2026
Oila.tj
119

Муҳлати азнавбақайдгирии кортҳои Амонатбонк то моҳи июни соли ҷорӣ тамдид гардид. Ба иттилои Амонатбонк, то имрӯз наздики 60 дарсади кортҳо дубора ба қайд гирифта шудаанд.

Тавре масъулини бонк хабар доданд, раванди азнавбақайдгирӣ моҳи январ оғоз гардида, ҳадафи он таъмини бехатарии молиявии муштариён, шаффофияти амалиётҳо ва коҳиши хавфҳои қаллобӣ мебошад. Барои идомаи бе мушкилии ин раванд, муҳлат то анҷоми семоҳаи дуюми сол дароз карда шуд.

Барои сабти дубораи корт ба муштариён SMS-паёмак ирсол мешавад. Дар сурати ҳозир нашудан дар давоми 30 рӯзи баъди гирифтани паёмак, фаъолияти корти бонкӣ муваққатан қатъ мегардад. Баъди муроҷиат ба бонк ва гузаштани сабти дубора, корт фаъол карда мешавад.

Азнавбақайдгирӣ тавассути барномаи махсуси мобилӣ дар 75 филиал ва 547 маркази хизматрасонии бонк анҷом дода мешавад.

Барои гузаштани сабти дубора, пешниҳоди шиноснома ва корти бонкӣ зарур буда, маълумоти муштарӣ дар барнома ворид карда мешавад. Ҳамзамон акси корт, шиноснома ва селфии муштарӣ бо ҳуҷҷат гирифта мешавад.

Ба гуфтаи масъулини бонк, барои шахсони дорои маъюбият ва онҳое, ки имкони ҳозир шудан ба филиалҳоро надоранд, кормандон ба макони зисти онҳо рафта, хизматрасонӣ менамоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД