Азнавбақайдгирии довталабон барои ширкат дар озмуни тақсимоти такрорӣ оғоз шуд.
Тавре Маркази миллии тестӣ хабар додааст, азнавбақайдгирии довталабон аз имрӯз, 13-уми август оғоз ёфта, то 15-уми август идома меёбад. Натиҷаи он рӯзи 19-уми август маълум хоҳад гашт.
Дар тақсимоти такрорӣ довталабоне имкони ширкат варзиданро доранд, ки дар тақсимоти асосӣ ба ягон ихтисоси интихобкардаашон нагузаштаанд.