Sebiston new 2024 october
Азиза Мадинаро дар куҷо латукӯб кардааст?
13159

 

Мадинаро Азиза ҳамсари қонунии Павриз Давлатов, корманди собиқи "ТТ Мобайл" (Мегафон) дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд латукӯб ва буғӣ кардааст, ки пас аз чаҳор моҳи беҳушӣ дар бемористон даргузашт.

Прокуратураи генералии Тоҷикитон вобаста ҳодисаи латукӯб шудани Мадина аз ҷониби Азиза Давлатоваро шарҳ додааст. Гуфта мешавад, ки Парвиз Давлатов ва Азиза Давлатова соли 1995 издивоҷ карда, соҳиби ду духтар ҳастанд. Вақте Мадина Мамадҷонова дар ширкати "ТТ Мобайл" (Мегафон) дар Душанбе ба кор даромад, Давлатов он замон сардори раёсати минтақавии "ТТ Мобайл" дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ будааст.

Мадина соли 2020 ба зиндагии ин оила ворид шудааст. Азиза Давлатова баъди огоҳӣ аз муомилаи шавҳараш бо Мадина Мамадҷонова, кӯшиш кардааст, "оилаи худро наҷот диҳад", вале ҳар дафъа "таҳқиру азобу уқубат" дидааст. Муфаттишон гуфтаанд, ӯ се дафъа – ду бор дар Тоҷикистон ва як бор дар Русия – кӯшиши худкушӣ намуд, аммо духтараш наҷот дод.

"Парвиз Давлатов солҳои 2020-2021 дар як вақт бо Давлатова А.Т. ва Мамадҷонова М.А. хоҷагии умумӣ пеш бурда, номбурдагонро аз чунин муносибати худ огоҳ карда, дар як вазъияти носолим нигоҳ дошта, мунтазам азобу уқубати рӯҳӣ додааст," – гуфтааст Пркуратураи Генералӣ.

Баҳси ҷонибҳо моҳи майи соли 2021, баъди он ба авҷи худ расид, ки Парвиз Давлатов бо Мадина Мамадҷонова никоҳи мусулмонӣ баста, ваъда додааст, аз ҳамсараш Азиза Давлатова ҷудо мешавад. "Давлятова А.Т. 25-уми августи соли 2021 ба муомилаи бераҳмона ва пастзании шаъну эътибораш тоб наоварда, шаҳрванд Мамадҷонова М.А-ро бо автомашинаи шахсиаш ба киллометри 38-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд бурда, латукӯб ва буғӣ карда, қасди куштани ӯро кардааст," – омадааст дар баёнияи Додситонии кул.

Қазияи шиканҷаи Мадина Мамадҷонова пас аз он сарусадои зиёдро ба миён овард, ки гумонбарони ҳодиса дар оғоз бар асоси қонуни афв пурра аз ҷавобгарӣ озод карда шуданд. Танҳо пас аз муроҷиат ва пофишории фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба мақомот, додситонӣ таҳқиқи ҳодисаро аз сар гирифт ва зану шавҳарро бо гумони азияти Мадина Муҳаммадҷонова дастгир зиндонӣ кард.

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД