arzon replenishment
АЗИЗ АЗ РУСИЯ ВИЧ/СПИД ОВАРДУ...
8160

Азиз баъд аз се соли муҳоҷирати меҳнатӣ ба ватан, ба назди модараш бармегардад.

Дарвоза тақ-тақ шуду модар дарро кушод.

- Ё Худо-о-о-о! Ман хобам ё бедор? Азизҷон, дар ҳақиқат туӣ?! Туро бениҳоят ёд кардам. Ба Худои ин рӯзро ба ман муносиб дониста ҳазорон шукр! - гуфта писарашро сахт ба оғӯш мегирад модар.

Азиз бо рӯҳи озурдаву хотири парешон:

- Бале, модарҷон, манам.

- Писарҷонакам, биё, канӣ гузашта шин. Дидоракатро ба серӣ тамошо кунам. Хайрият, ки туро дар наздам сиҳҳату саломат мебинам. Қариб шаш моҳ мешавад, ки аз ту на хат буду на хабар. Ягон одаме намонд, ки напурсида бошам. Шукр, ки ин лаҳза дар наздам ҳастиву дилам ором гашт. Чаро ҳатто омаданатро хабар надодӣ-а-а-а? Бо апаат пешвоз мегирифтем...

- Эҳ-ҳ-ҳ модарҷон-н-н, гуфтам хавотир нашавед-да. Бахшиши зиёд! Дар ин муддат ҳатто як маротиба занг зада, аз аҳволатон хабардор шуда натавонистам. Шумо чӣ хел, модарҷон? Саломатиатон хуб аст? Апаам чӣ ҳол доранд? Зиндагиашон чӣ тавр?

- Хубам, писарам. Зиндагии апаат низ мисли пешина... Оқибаташ ба хайр шавад!

Сиҳҳату саломат баргаштанат барои мо як давлати калон аст, писарам. Барои ҳамин, зиёд мунтазир нашуда, ҳамроҳи апаат худи пагоҳ ба хонаи бобои Сафар барои хостгории наберааш меравем.

- Модарҷон, ин гап яку якбора аз куҷо баромад?

- Писаракам, шарм медорӣ-а-а-а?

- Не, модарҷон, ман ҳоло хонадор шуданӣ нестам!

- Ту танҳо ба ин хотир ба Маскав рафта будӣ-ку?! Кор мекунам, гуфтӣ. Пул ҷамъ мекунам, гуфтӣ. Хонадор мешавам, гуфтӣ. Магар ҳамаи ин аз ёдат баромад-а-а-а?

- Ҷавонӣ буд-да-а, модарҷон!

- Хайр, майлаш, худат медонӣ. То пагоҳ нағз фикр карда баро. Ҳозир бошад, хез рафта Рухсора-апаатро хабар гир. Ҳатман аз дидорат дар куртааш намеғунҷад. Зеро ҳар рӯз туро ёд мекунаду зор-зор мегиряд.

- Набошад ман рафтам. Апаамро дида, гирифта меорам. Шаб дар хона истад. Зеро ман ҳам ғанимат-ку?!

- Э аз даҳонат шамол барад! Ҳозир омаду боз гапаша бинан-а-а-а!

Азиз ба назди хонаи апааш расида, дарро накуфта, рост ба дарун медарояд.

- Вӣ-вӣ-вӣ, Азизҷон! Додаракам, хуш омадӣ! Биё, биё! Кадом шамолҳо додаракамро оварда бошад?

Баробари ин суханҳо Азиз апаашро ба оғӯш мегирад.

- Шамоли дидори гарму чашмони чору интизори Шумо, апаҷон.

- Донояки апа, ҳамавақт гапата меёбӣ-а-а-а? Шукр, ки туро дар барам мебинам. Саломатиат хуб аст? Моро хавотир кардӣ.

Хубам, хубам апа.

Ин тақдира бинан-а-а. Дирӯз бо модарам орзуи баргаштану фикри тӯйи туро кардем. Насиб бошад, тӯйда-а-а Азизҷон?

- Апа, Шумо низ суханони модарамро такрор мекунед. Ман ҳоло зан гирифтанӣ нестам.

- Медонам, шарм медорӣ. Ҳамааш мегузарад. Ҳусноро низ хеле зиёд интизор шуд. Омаданатро фаҳмад, хурсанд мешавад.

- Бале, апаҷон, ҳамааш мегузарад, ман ҳам мегузарам.

- Ту бо ин суханат чӣ гуфтанӣ ҳастӣ?

- Апаҷон, бояд ба шумо як чизро бигӯям, ки онро ба модарам гуфта натавонистам.

- Ҷони апа, маро хавотир накун! Чӣ гапи муҳим бошад, ки ҳатто ба модарам нагуфтӣ?!

- Апаҷон, ман як хато кардам! Хатои бузург! Хатои ислоҳнашаванда! Хатои нобахшиданӣ! Хатое, ки маро назди хатоҳо мебарад! Хатое, ки дигар аз ӯ ҳеҷ хато намехурам!

- Мекафам-м-м! Гап зан охир, чӣ хато кардӣ?!

- Апаҷон, нӯҳ моҳ қабл бо сабаби аз ӯҳдаи кор набаромаданам аз ҷойи кор ронданд. Як ҳафта шабамро дар кӯчаю хиёбонҳо рӯз кардам. Пас аз ҳашт рӯзи бекорӣ, ки дигар тамоман дар дастам 1 танга ҳам надоштам, дар истгоҳ нишаста будам. Ногоҳ зани зебое наздам омаду нишаст. Пас аз ним соати хомӯшӣ худро Екатерина муаррифӣ намуда, номамро пурсон шуд. Каме фикр кардаму Азиз гуфтам. Эҳ-ҳ-ҳ, кош намегуфтам. Ҳамин тавр сӯҳбати мо обу ранг гирифта, қариб як соат идома ёфт. Аз бекору бехона будани ман огоҳӣ пайдо карда, маро ба хонааш даъват кард. Дигар илоҷ, ки надоштам, ба ин таклиф зуд розӣ шудам. Оҳиста-оҳиста сӯхбаткунон ба сӯи хонааш қадам ниҳодем. Ба назарам зани аҷиб менамуд. Зеро хиромон роҳ мерафт. Ниҳоят ба хонааш расидем. Ҳангоми аз дар даромадан ба сӯям нигоҳ карда чашмакӣ зад ва маро ба ошхона таклиф кард. Ҳамроҳ хӯрок хӯрдем, қаҳва нӯшида, то нимашаб сӯҳбат кардем. Аз сӯҳбати ӯ хотирам шод гардид. Мисле, ки мо солҳои дароз якдигарро мешинохтем. Тамоми дарди диламро ба ӯ изҳор намудам ва ӯ хост ба дарди ман дармон гардад. Ба ҳиссиёт дода шудам. Худамро идора карда натавониста, ба он коре, ки нафрат доштам, даст задам.  

Субҳ аз хоб бедор шудам. Худро дар хонаи хоби ӯ танҳо дида, ба фикр фурӯ рафтам. Ин чӣ кори кардаам буд?! Гумон доштам то охир бо ҳамин зан мемонам. Аммо, афсӯс! Афсӯс, ки мисли гумонкардаам нашуд. Беҳаёву беимон аз ноилоҷии ман истифода бурда, маро тобеи худ гардонид.

Садои тақ-тақи дар шуд. Дар, ки кушода буд, то ҳозир шуданам марде омаду вақтатон ба охир расид, гӯён аз хона берунам кард. Ин хонаи Екатерина набудааст. Соҳиби хона низ ӯро аз наздик намешинохтааст. Ӯ танҳо барои як шаб ин хонаро иҷора гирифта будааст.

-Хайр ҳеҷ гап не, ҳама хато мекунанд. Муҳим он ки ислоҳ шавӣ.

- Дигар ҷои ислоҳшавӣ надорад, апаҷон!

- Барои чӣ?

- Аввал он, ки баъд аз ин воқеа, хушбахтона, боз ба ҷойи кори пешинаам даъват намуданд. Баъд аз се моҳи ин ҳодиса худро рӯз то рӯз беҳолу бемадор эҳсос менамудам. Дарун-дарун месӯхтам. Тоқатам тоқ шуду бо ёрии ҳамкоронам ба беморхона муроҷиат кардам. Кош муроҷиат намекардам. Сардухтур низ бояд инро зуд ба ман намегуфт.

- Чиро бояд намегуфт?

- Гирифтори бемории ВИЧ/СПИД будан ва тақрибан чанд муддати дигар зинда монданамро.

- Бовар намекунам! Бовар надорам! Бовар кардан намехоҳам!!!

Аз чашмони Рухсора ашк ҷорӣ шуда такрор ба такрор мегӯяд:

- Ба ҳамааш Ҳусноро гунаҳкор! Ҳаётатро ӯ сӯзонд! Ту маҳз ба хотири ӯ ба кор рафтӣ! Пули тӯйро ҷамъ карда меоям, гуфтӣ! Агар ӯ намешуд, ту ҳам намерафтӣ! Агар ту мемурда бошӣ, бигзор ӯ ҳам мирад! Чаро дунё ин қадар бе раҳм аст?! Охир, чаро?!

- Апаҷон, шумо чиҳо гуфта истодаед? Ҳусноро ҳаёти маро сӯзонд? На, иштибоҳ мекунед, баръакс ман ҳаёти ӯро сӯзондам! Аз барои мани хиёнаткор ҳамаи хостгорҳоро рад кард. Ҳатто барои ман аз хешу табораш низ рӯй гардонид. Бар замми ҳамаи ин ман чӣ кор кардам? Хиёнат!!!

Модари Азиз аз интизорӣ дигар сабр карда натавониста, ба сӯи хонаи Рухсора меравад. Дари хона, ки кушода буд, бе огоҳӣ медарояд. Гиряи духтарашро шунида, каме ба қафо бармегардад ва шоҳиди суханони Азиз мегардад:

- Агар модарам бемории ВИЧ/СПИД будану чанд муддати дигар зинда монданамро фаҳмад, қиёмат қоим мешавад.

Аз шунидани ин суханҳо модар ба замин меафтад. Ҳарчанд садои афтидани модар баланд набуд, Рухсора ва Азиз зуд назди дар омада, аз дидани модарашон дасту по гум мекунанд.

- Азиз, зуд об биёр!

- Не-не, Азизҷон, ба ман об лозим нест! Наздам биё, то гарм оғӯшат гирам! Ин чӣ суханоне буд, ки ба апаат мегуфтӣ? Дурӯғ гуфтам, гӯй, шуморо тарсонидан хостам, гӯй, барои хонадор нашудан ин суханҳоро гуфтам, гӯй. Ягон чиз гӯй, охир, писарам!

- Модарҷон, бубахшед! Шуморо дигар фиреб додан намехоҳам! Бемориам беморие мебошад, ки то ҳол касе дармонашро наёфтааст. Қариб се моҳ дар Маскав табобат гирифтам. Доруву дармон ҳама ройгон буд. Ҳарчанд духтурон кӯшиш намуданд, аммо ҳамааш бенатиҷа анҷом ёфт. Бинобар ин, аз шарм ба шумо ҳатто як маротиба занг зада, аз саломатиатон хабардор шуда натавонистам. Натиҷаи охирини муоина, ки тақрибан чанд муддат зинда монданамро нишон дод, хостам чеҳраи зебои шуморо бори охир бубинам.

- Оҳ-ҳ-ҳ, писарам! Чаро инро ба ман раво дидӣ? Магар ғаму дарди раҳматии бародарат кам набуд? Дилу ҷигарам месӯзад! Туро низ гум кунам, дигар ҳаёт бароям ҳеҷ маъние надорад!

Азиз дар оғӯши модар беҳол мешавад.

- Модарҷон, медонам ин лаҳзаҳои охирини ҳаёти ман аст. Илтимос, маро бубахшед! Апаҷон, худро хуб нигоҳ кунед. Кош чеҳраи Ҳуснороро низ бори охир медидаму беармон мемурдам.

Мисле, ки нафаре ба Ҳусноро ин суханҳоро дар як лаҳза расонида бошад, ӯ ба хабаргирии Рухсора меояд ва ин ҳолатро дида, дасту по гум мекунаду ашки чашмаш шашқатор мерезад. Гиря гулӯгираш менамояд:

- Азиз-з-з-з!!! Ба ту чӣ шуд???!!!

Азиз, ки аллакай дигар маҷоли гап задан надошт, ба дард нолише карду ҷон ба Ҷаббор супурд. Модар ҳам дунёи фониро падруд гуфт. Ҳуснорову Рухсора бо фиғону гиря хонаро ба сар бардоштанд. Қиёмат қоим шуд!

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД