Думгирифта
Мавҷигул дар оилаи калони даҳнафараи амаки Нор духтари панҷум буд. Амаки Нору холаи Шакармоҳ саҳар то шом дар саҳроҳои колхоз кор мекарданд то фарзандонашонро хуб ба воя расонанд. Панҷ писар хурд буданду волидайн духтаронашонро як-як хонадор карда, ба хонаи бахташон мефиристоданд. Танҳо Мавҷигули қайсар бо гапи волидайнаш накарда, думи муаллими Маҷидро гирифта, ба деҳаи ҳамсоя рафт. Он замонҳо ин рафтори духтарон як сояи бадномие буд ба сари хешу табор ва пайвандон. Амаки Нор “духтари ман мурдааст, ман духтар надорам” гуфта, аз пайи зиндагияш шуд. Мавҷигул низ дигар ёди хонаи падар накарда, ҳамроҳи ҳамсари ҷавону зебояш зиндагиро дар хонаи алоҳида дар маркази вилоят оѓоз намуд, зеро волидони шавҳараш низ келини думгирифтаро ба хонаашон роҳ надоданд…
Зиндагии оилаи ҷавон хуб идома меёфт. Маҷид ду баст дар мактаб кор карда, маоши хубе мегирифту аҳли оилаашро, ки акнун се нафари дигар дар он афзуда буд, хуб нигоҳубин мекард. Ҳамсараш дар чор соли ҳамзистӣ ба ӯ ду духтару як писараки зебо ҳадя намуд, вале дуои бади волидон буд ё тақдири Худованд, ки Маҷиди ҷавон як бегоҳ ҳангоми аз кор баргаштан зери мошини ронандаи бадмасте монда, ҳалок шуд. Акнун зиндагӣ ба души нозуки Мавҷигули эркаи шавҳар бор шуд. Зан роҳи ёфтани пули муфтро ҷуста, оқибат ёфт. Дар он замонҳо ёфтани либосу палоси қимматбаҳо кори осон набуд ва Мавҷигул аз шавҳари апааш, ки сардори базаи савдо буд, ин гуна молҳоро гирифта, бо нархи қиммат дар ба дари хона гашта мефурӯхт, яъне ҳаннотӣ мекард. Духтаронаш низ акнун калонак шуда буданду ба ӯ ёрмандӣ мекарданд, онҳо вазелин, ҷуроб, рӯймол барин чизҳои майдаро мефурӯхтанд. Байни мардум ӯро беваи Мавҷак меномиданд, вале ҷавонзан аз ин парвое надошт, барояш муҳим ёфтани пул ва калон намудани ятимонаш буд. Дар ин миён падараш вафот карду додари калонияш зан гирифт, ана ҳамин келинашон Гулзор миёнаравӣ карда, Мавҷиро бо додаронашу кампири модараш оштӣ доронд, апаҳояш кайҳо бо хоҳарашон оштӣ буданд. Мавҷӣ аз чизе камӣ надошт ва оҳиста-оҳиста зани додарашро низ ба худ ҳамкор кард, акнун онҳо якҷоя савдогарӣ мекарданду дугонаҳои ҷонӣ буданд. Додаронаш низ бо апаашон рафту омад доштанду гоҳ-гоҳе дар мавридҳои зарурӣ ба ӯ ёрие мерасониданд. Акнун модари пираш рӯзҳову ҳафтаҳо дар хонаи духтари пулёбаш истода, истироҳат мекард. Хулоса тинҷу осуда буд ба қавли мардум зиндагии беваи Мавҷак…
Бахт аз бадбахтӣ
Зиндагӣ дар маҷрои худ равон буд то он даме, ки ҷанги шаҳрвандӣ сар назаду мардуми зиёде гуреза шуда, макони бобоии хешро тарк накардаанд. Аҳли оилаи Мавҷӣ низ бо оилаҳои додару хоҳаронаш гуреза шуда, ба зодгоҳи янгааш Гулзор рафтанд, зеро он ҷо тинҷию амонӣ буду амакҳои янгааш аз қумандонҳои машҳур масҳуб мешуданду касе ба онҳо коре надошт. Духтарони Мавҷӣ яке ба шонздаҳ ва дигарӣ ба чордаҳ қадам ниҳода буданд, як рӯз Гулзор хоҳаршӯяшро ба кунҷе кашида гуфт:
-Апа, писари аммаам марди сарватманду дороест ва зан гирифтан мехоҳад. Чунки занаш чордаҳ сол боз фарзанд таваллуд намекунад, агар розӣ шавӣ, духтари калоният Дилбарро ба ӯ ба занӣ медиҳем. Аҳтамшо ваъда дод, ки ҳамаи шуморо гул барин нигоҳ мекунад, барои ман бошад, дар пойтахт хона мехарад, агар хостгорияш барор гирад.
Мавҷӣ ба фикр фурӯ рафт, оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш шуда буду хонаву дари онҳо вайрону валангор буданд, писараш хурд буд, ки онҳоро нигоҳубин кунад, аз ин рӯ, розӣ шуд. Аҳтамшои лоғару рангзард, ки аз Дилбар бист сол калон буд, ӯро ба занӣ гирифт ва зиндагии хушдоманашро ба куллӣ дигар кард. Тамоми авлоди занашро дар корхонааш ба кор гирифта, барои хушдоманаш бошад, ҳавлии зебоеро дар пойтахт харидорӣ кард. Акнун беваи Мавҷак Бибӣ Мавҷигул ном гирифту Дилбари вазелинфурӯшакро бошад, сар то по тиллопеч медиданд…
Давом дорад