Sebiston new 2024 october
Аз зиёдшавии шумораи мошинҳо то сохтмони роҳҳои нави замонавӣ
265

Танбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе ва марказҳои маъмурии шаҳру вилоятҳо мушкилест, ки тайи чанд соли охир тамоми аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст.

Вазъият махсусан субҳу шом, ҳангоми ба кор ва дарс рафтани сокинон душвортар гашта, бо сабаби танбашавии нақлиёт дар роҳ аксар вақт донишҷӯён ба дарс, коргарон бошанд, ба кор дер мемонанд. Сабаби сар задани ин ҳолат дар чист ва ин мушкил кай ҳалли худро меёбад?

Вазорати нақлиёт масъалаи мазкурро шарҳ дода, зиёдшавии шумораи мошинҳо ва афзоиши аҳолиро аз ҷумлаи сабабҳои асосии ин ҳолат номидааст.

“Имрӯз дар ҷумҳурӣ расман 666 074 воситаи нақлиёт - сабукрав, боркаш, мусофирбар ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳоле, ки даҳ сол пеш, соли 2014, ин рақам ба 389 ҳазор адад баробар буд. Аз ҷумла, айни замон дар Тоҷикистон 587074 мошини сабукрав ба қайд гирифта шудааст. Ин дар ҳолест, ки соли 1991 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 216 ҳазор мошини хусусии сабукрав мавҷуд буд. Шумораи аҳолии мамлакат аз 5,3 миллион нафар дар соли 1991 то ба 10,2 миллион нафар дар соли 2023 расид. Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат теъдоди аҳолӣ беш аз ду баробар зиёд шуда, шумораи мошинҳои сабукрав низ ба ҳамин миқдор афзудааст”,- омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ки барои ислоҳи ин ҳолат тадбирҳои зиёде андешида мешаванд. Аз ҷумла дар шаҳри Душанбе дар асоси созишнома бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар чорроҳаи Саъдии Шерозӣ ва Ҳофизи Шерозӣ пайваст ба кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови шаҳри Душанбе бо маблағи беш аз 28 миллион евро эстакада - роҳи дусатҳа сохта мешавад. Ҳадафи татбиқи лоиҳаи мазкур баланд бардоштани самаранокӣ ва беҳтар намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути ин минтақаҳо, паст намудани шиддати танбашавии нақлиёт, таъмини бехатарии ҳаракати мошинҳо ва пиёдагардон дар роҳҳои пойтахт аст. Тибқи меъёрҳои байналмилалӣ, дар мамлакат роҳу пулҳои нав, аз ҷумла эстакадаҳо (роҳҳои чандқабата) бунёд гашта, роҳу пулҳои мавҷуда навсозӣ ва васеъ карда мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД