Солимии миллат ва ояндаи ҳар як кишвар маҳз аз саломатии кӯдакон ва наврасон вобастагӣ дорад, бинобар ин, мо бо яке аз иштирокчиёни фаъоли Озмуни ҷумҳуриявии “Табиби сол-2026”, асабшиноси кӯдакона Маҳмадсаид Шеров оид ба бемориҳои асаби кӯдакон ва роҳҳои ташхису табобати ин касалиҳо суҳбати ҷолибе оростем, ки фишурдааш манзури хонандагони азиз мегардад.
Чаро кӯдакон бо бемориҳои асаб ба дунё меоянд?
- Маҳмадсаид, чаро духтури дандон ё ҷарроҳ нею асабшиноси кӯдакона шудед?
- Системаи асаб – яке аз муҳимтарин қисматҳои ҷисми инсон буда, дорои бемориҳои беҳисоб мебошад, ки оқибатҳои нохушро ба бор оварда, то ба фалаҷшавӣ бурда расонда метавонанд. Ин бемориҳо бояд сари вақт ташхис ва табобат карда шавад. Аз ҳамин сабаб ман маҳз духтури асаби кӯдакона шудам, то бемориҳои системаи асабро сари вақт муолиҷа намуда, саҳми худро дар солимии кӯдакон, ки ояндаи ҷамъияти мо ҳастанд, гузорам.
- Солҳои охир кадом бемориҳои неврологӣ дар байни кӯдакон бештар ба назар мерасанд?
- Имрӯзҳо дар ҷомеаи мо бемориҳои аутизм, дер инкишоф ёфтани нутқ, мушкилоти рушди психикӣ, норасоии диққат ва гиперактивӣ дар кӯдакон зиёдтар мушоҳида мешаванд, ки сабабҳои асосиашон иллатҳои гуногуни генетикӣ, бемориҳои сироятии дар давраи ҳомиладорӣ аз сар гузаронидан модарон, вазнин таваллуд шудани кӯдак ва садамаҳои дигар мебошад, ки пеш аз ҳама ба системаи асаб таъсири манфӣ мерасонанд.
Кӯдакони “деринкишоф”
- Аз рӯйи кадом аломатҳо фаҳмидан мумкин аст, ки кӯдак “деринкишоф” аст? Кадом нишонаҳо дар рафтор ё рушди кӯдак бояд волидонро водор созад, ки ҳатман ба асабшиноси кӯдакона муроҷиат намоянд?
- Барои фаҳмидани он ки кӯдак дар ҳақиқат “деринкишоф” аст ё не, ба ҳаракат, нутқ, муошират, фаҳмиш, бозӣ ва муносибати кӯдак ба атрофиён аҳамият додан лозим аст. Рост наистодани сари кӯдак, нисбат ба дигар кӯдакон дер нишастан ё дер роҳгардон шуданаш, аҳамият надодан ба номи худ, ҷавоб надодан ба тамоси чашм ба чашм бо волидон ва дигар одамони дар гирду атроф буда аз ҷумлаи он нишонаҳое ҳастанд, ки бо мушоҳида намуданашон кӯдакро ҳатман ба назди табиби асабшинос бурдан лозим аст.
Аммо як чизро қайд карданиям, ки суръати инкишофёбӣ дар ҳар кӯдак ҳар хел аст, масалан кӯдаке дар шашмоҳагӣ нишаста метавонад, вале кӯдаконе низ ҳастанд, ки дар ҳашт-нӯҳмоҳагӣ заминшинак мешаванд. Кӯдакони серҳаракате ҳастанд, ки аллакай дар нӯҳмоҳагӣ роҳгардон мешаванд, аммо қисми зиёди кӯдакон баъди яксолагӣ роҳгардиро кам-кам ёд мегиранд, бинобар ин, барои фаҳмидани он ки кӯдак ягон мушкилоти ҷиддии саломатӣ дорад ё не, ҳатман ба табиби асабшинос муроҷиат кардан лозим аст.
- Тамоми кӯдаконе, ки дертар ба гапзанӣ медароянд, мушкили неврологӣ доранд? Дар кадом синну сол гап назадани кӯдак бояд волидонро нигарон созад?
- На, чуноне, ки аллакай гуфта гузаштем, суръати инкишоф дар кӯдакон гуногун аст. Сабаби дер ба гапзанӣ даромадани кӯдак метавонад кам будани муоширати зинда бошад. Ҳар қадаре, ки падару модар ва атрофиён бо кӯдак камтар гап зананд, ҳамон андоза дертар гапзаниро ёд мегирад. Аммо дар ҳар сурат то яксолагӣ кӯдак бояд “дада” , “мама”, “об” барин калимаҳои оддиро ба забон оварда тавонад.
Агар кӯдакро “судороги” гирад, чӣ бояд кард?
- Аксарияти волидон ҳангоми баландшавии таб ва сар задани табларза дар кӯдак аз ташаннуҷ ё “судороги” метарсанд. Тавсияи шумо ҳамчун муттахасис? Волидон дар чунин ҳолатҳо бояд чи кор кунанд?
- Пеш аз ҳама бояд волидайн худ ором бошанд. Кӯдакро ба паҳлӯ хобондан лозим аст. Агар либоси танг дошта бошад, онро кашанд. Чизеро ба даҳони кӯдак пеш накунанд, на қошуқ ва на ангушт. Агар ин ҳолат бори аввал бошад ва зиёда аз 5 дақиқа давом ёбад ё такрор шавад, ҳатман ба “Ёрии таъҷилӣ” занг задан лозим аст.
Зарари телефонбозӣ
- Солҳои охир аксари кӯдакон ва наврасон вақти худро бо планшет ва телефонбозӣ мегузаронанд. Ҳамчун асабшинос бигӯед, ки телефонбозӣ ба асаби кӯдакон чи таъсир мерасонад?
- Технология худ аз худ душмани кӯдак нест. Мушкил вақте сар мешавад, ки оинаи ҳамон телефони мобилӣ ё планшет ҷои хоб, ҳаракат, бозӣ ва гуфтугуи зиндаро мегирад. Зиёд истифода бурдани чунин технологияҳо сабаб мешавад, ки кӯдак бо дигарон камтар муошират карда, нутқу зеҳнаш дар инкишоф қафо мемонад. Дар як шабонарӯз ба кӯдакон аз ду соат зиёд телефонбозӣ кардан мумкин нест, махсусан пеш аз хоб истифодаи телефону планшет реҷаи хоб ва асаби кӯдакро вайрон мекунад. Бисёр истифода бурдани телефон метавонад ҳамчунин боиси пайдо шудани мушкилоти ҷиддӣ дар диққатнокии кӯдак гашта, асабониятро ба вуҷуд оварад.
- Тамошои филмҳои тасвирӣ тавассути телефон ба кӯдакон зарар надорад?
- Агар дар филмҳои тасвирӣ расмҳо зуд-зуд иваз нашаванд ва ҳаракату суханронии қаҳрамонҳояшон хеле тез набошад, боке нест, дар акси ҳол зарар дорад. Аз ҳаимн сабаб замони шӯравӣ филмҳои тасвирие, ки ҳаракату суханрониҳои мулоим доранд, хеле зиёд буданд.
Интернет ба ҷойи духтур
- Волидон баъзан бо тавсияи хешовандон ё интернет барои ором шудан ба кӯдакон ҳар хел доруҳоро медиҳанд. Аз нигоҳи шумо, ин амал то чӣ андоза хатарнок аст?
- Дору додан ба кӯдак бе тавсияи духтур хеле хатарнок мебошад ва дар баъзе ҳолатҳо метавонад боиси аз даст додани кӯдак гардад. Падару модарон бояд дар ёд дошта бошанд, ки доруи як кудакро ором гардонида метавонад ба кӯдаки дигар аслан мувофиқ набошад. Ба ғайр аз ин, баъзе доруҳоро бо ҳам додан мумкин нест, чунки дар якҷоягӣ метавонанд ба саломатии кӯдак зарари ҷиддӣ расонанд. Табобати кӯдак донишу малака ва масъулияти зиёдро талаб мекунад, бинобар ин, ман ҳамчун табиб ба падару модарон гуфтаниям, ки ҳаргиз ба фарзандони худ бе иҷозати духтур ягон хел дорӯ надиҳанд.
“Черепное давление” беморӣ аст?
- Солҳои охир ба аксари кӯдакон ташхиси “фишорбаландии косахонаи сар” ё “Черепное давление” мегузоранд, вале баъзе табибон мегӯянд дар асл чунин беморӣ вуҷуд надорад. Шумо ҳамчун табиби асабшинос чӣ мегӯед?
- Фишори косахонаи сар албатта вуҷуд дорад ва ҳолати баланд шудани он низ инчунин рух дода метавонад, аммо танҳо бо сабаби зиёд гиря кардан, хоби ноором ё ларзиши манаҳи кӯдак чунин ташхис гузоштан дуруст нест. Маъмулан фишорбаландии косахонаи сар бар асари ҷароҳатҳои вазнин гирифтан ё садамаи сахт дидан ба вуҷуд меояд, дар дигар ҳолатҳо сабаби инҷиқӣ, зиёд гиря кардан ва хоби ноороми кӯдак метавонад дард кардани рӯдаҳо, дамиши шиками кӯдак ва дигар иллатҳо бошанд. Барои дақиқ намудани беморӣ нишонаҳои клиникиро дар маҷмуъ ба назар гирифта, ултрасадо ва дигар ташхисҳои заруриро анҷом додан лозим аст.
Кӯдаки маъюб метавонад роҳгардон шавад, агар...
- Шумо бо кӯдакони маъюб ҳам кор мекунед. Дар таҷрибаи кориатон ҳолатҳое буданд, ки кӯдаки маъюб дар натиҷаи табобати дуруст роҳгардон шуда бошад ё аз ягон мушкили ҷиддии системаи асаб шифо ёфта бошад?
- Бале, чунин натиҷаҳо ҳастанд. Аммо натиҷаи табобат аз шартҳои зиёд иборат аст, масъалан, тахшиси дуруст ва саривақтӣ, дараҷаи осеби системаи асаб ва дигар системаҳо, табобати саривақтӣ ва имкониятҳои худи кӯдак.
- Волидон барои солимии системаи асаби кӯдак аз рӯзҳои аввали ҳаёт ба чи бояд бештар диққат диҳанд: хоб, ғизо, муҳити хона, тарзи тарбия?
- Солими системаи асаб аз бисёр чизҳо иборат аст. Кӯдак ба хоби кофӣ, ғизои мувофиқ, фаъолияти ҷисмонӣ, муоширати зинда, муҳити ором ва эҳсоси амният ниёз дорад. Бо кӯдак гап задан, китоб хондан, бозӣ кардан ва ба саволҳояш ҷавоб додан барои рушди системаи асаб бисёр муҳим аст. Ҳамчунин набояд аз муоинаҳои профилактикӣ ва эмгузаронӣ сарфи назар кард.
Ҷазо додан ва дод задан ба сари кӯдак чи оқибатҳо дорад?
- Аксари падару модарон бо мақсади тарбият кардан ба сари кӯдакон дод мезананд, онҳоро метарсонанд, таҳдид мекунанд ё мезананд. Ин ба асаб ва саломатию ояндаи кӯдак чи таъсир гузошта метавонад?
- Кӯдак набояд аз шахсе ки, бояд ҳимоятгараш бошад, битарсад. Агар кӯдак дар муҳити доду фарёд, таҳдид ва зуроварӣ зиндагӣ кунад, асабаш ҳамеша дар ҳолати стресс мемонад, ки метавонад ба хоб, диққатнокӣ, рафтор, қобилияти омӯзиш ва ҳолати равонии кӯдак таъсири манфӣ расонад. Бо таъсири муҳит баъзе кӯдакон хашмгин ва баъзеашон баръакс хомушу тарсу мешаванд. Интизом барои кӯдак зарур аст, аммо интизом маънои зуровариро надорад.
- Агар ба падару модарон барои ҳифзи саломатии кӯдакон танҳо як маслиҳат додан лозим бошад, шумо чӣ тавсия медодед?
- Бо фарзандони худ вақти зиёд гузаронед. Натанҳо хурду хӯрок ва сару либоси фарзандатонро таъмин намоед, балки бо ӯ бештар ҳафр занед, бозӣ кунед, китоб хонед ва ба рафтораш диққат диҳед. Агар дар рушди фарзандатон чизе шуморо нигарон мекунад аз савол додан ба мутахассис натарсед.
- Шумо ҳамчун асабшинос кадом тасаввуроти нодурустро дар бораи бемориҳои асаби кӯдакон бештар мешунавед ва мехоҳед тавассути ин мусоҳиба онро рад кунед?
- “Ҳоло хурд аст, калон шавад мегузарад”-хатоест, ки баъзан сабаби бемориҳои ҷиддие мегардад, ки пурра муолиҷа намешаванд. Албатта бо гузашти сину сол баъзе хусусиятҳои кӯдак иваз мешавад, бале, аммо беморӣ сиҳат намешавад, балки метавонад вазнинтар шавад. Волидон бояд дар ёд дошта бошанд, ки сари вақт оғоз намудани табобат яке аз қисмҳои асосии табобат аст.
- Барои суҳбати судманд як ҷаҳон ташаккур!
- Саломат бошед!
Ф. САТТОРӢ