formula feb 2025
Аз “Зани оҳанин” то “Найрангҳои Майсара”
12.04.2025
Oila.tj
641

Сарнавишти коргардоне, ки ба қадраш нарасиданд

Ҳамаи мардуми тоҷик намоишҳои телевизионии “Зани оҳанин” ва “Найрангҳои Майсара”- ро ба ёд доранд, вале на ҳама медонанд, ки офаранди онҳо Соҷида Ғуломова - коргардони машҳури телевизиони тоҷик, чӣ сарнавиште дошт. 27 март зодрӯзи ин шахсияти фидоӣ ва сарсупурдаи ҳунар буд. Бинобар ин ёде аз ӯ мекунем.

Аз муҳаббат то ғурбат

Ҳамаи қисса аз муҳаббат оғоз шуд. Ҳасани Ғулом, зодаи деҳаи Искили Сиистони Эрон ошиқи духтари соҳибҷамоле шуд, аммо волидайни духтар алорағми ишқи ду дилода, ба пайванди онҳо розигӣ надоданд. Ҳасан, ки ҷавони хунгарм буд, рад шуниданро ба шаъни худ нозеб гумошта, аспашро савор шуда, аз Сиистон бадар рафт. Ӯ ба Машҳад омад, ва ба хидмати артиши шоҳи Эрон камар басту афсари низомӣ шуд. Соли 1922, ӯ ҳамроҳ бо тақрибан 600-700 сарбозаш ба саёҳати Озарбойҷони Шӯравӣ омад. Вале дар ин ҳангом марзҳои Шӯравӣ бо Эрон баста шудаву онҳо дар хоки Иттифоқи Советӣ монданд. Чун Ҳасан Ғулом дид, ки роҳи бозгашт вуҷуд надорад, ба номи роҳбари вақти Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Сталин нома навишта, аз ӯ хост, ки сарбозонашро ҷо ба ҷо кунанд. Мақомот ҳам сарбозони эрониро 50-60 нафарӣ дар ҷумҳуриҳои мухталиф тақсим карданд. Ҳасан Ғулом ба Тоҷикистон омад. Дар ибтидо чандин сол дар сафҳои Армияи Сурх бо босмачиҳо мубориза бурда, баъдан, ба кори маориф гузашт, ва мактаберо бунёд кард, ки роҳбари вақти ҷумҳурӣ Нусратулло Махсум ӯро дар он директор таъин намуд. Ҳасан дар Тоҷикистон оиладор ва соҳиби ду духтар - Фотима ва Соҷида шуд, аммо дере нагузашта ӯ ҳам ба гирдоби ҳаводиси соли 1937 печид, аммо хушбахтона баъди се сол озод шуд, ва боз соҳиби 6 фарзанди дигар гардид: Музаффар, Исфандиёр, Гулчеҳра, Шаҳриёр, Гулбаҳор ва Бахтиёр...

Пайдарҳам ба ҳунар, аммо бе унвону подош

Фотима ,духтари калонии Ғулом ибтидо дар факултаи кимиё таҳсил мекард. Он солҳо таҳсили духтарон дар риштаи актёрӣ роиҷ набуд, бинобар ин духтаронро ба ҳар роҳу восита ба ин ихтисос ҷалб мекарданд. Фотима низ, бо талқини вазири вақти фарҳанг Меҳрубон Назаров ба ГИТИС –Институти санъати театрии ба номи Луначарский барои таҳсил фиристода шуд. Ӯро устодони бузурги санъат Борис Бибиков ва Олга Пижова, ки шогирдони Станиславский буданд, бо оғӯши боз қабул кардаву дар кӯраи санъат обутоб дода, ба ӯ санъати актёрӣ омӯзониданд. Ӯ дар радифи Марям Исоева, Маҳмудҷон Воҳидов, Ҳошим Гадоев, Носир Ҳасанов, ҳамсари ояндааш Ҳабибулло Абдураззоқов ва дигарон ГИТИС-ро хатм карда, ба Тоҷикистон баргашт, ва қариб 60 сол боз дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ нақш меофарид...

Соҷида Ғуломова низ, аз пайи Фотима рафт...

Исфандиёр Ғуломов бошад, мехост шарқшинос шавад, аммо тақдир ӯро ҳам ба ГИТИС бурд. Вай солиёни зиёдест, ки дар Театри Лоҳутӣ кор мекунад...

Ин се нафар дар санъати тоҷик корҳои шоиста карданд ва номи хешро дар таърихи фарҳанги тоҷик бо ҳуруфи заррин муҳр заданд.

“Буд набуд...” “Зане аз роҳи дур” буд...

Ин достон, достони Соҷида Ғуломова хоҳад буд. Соҷидае, ки бо спектаклҳояш даҳҳо ҳунарпеша машҳур шудаву унвонҳо гирифтанд, аммо худаш қадр нашуд...

Соҷида Ғуломова 25 марти соли 1937 таваллуд шудаст. Соли 1960 гурӯҳи тоҷикии Институти театрии шаҳри Маскав ба номи Луначарскийро хатм кард, аммо мисли ҳамсабақонаш дар театру кино кор накарда, ба кори телевизион гузашт, ва намоишномаҳои зиёдеро офарид. Ӯ метавонист дар даҳҳо асари худаш нақш офарида, ба ин васила шуҳрату обрӯ ёбад, аммо ӯ инро ба худ эб намедид. Симои Соҷидаро дар санъати бозигарӣ дар 5 филми истеҳсолкардаи “Тоҷикфилм” метавон диду халос. Ӯ ҳамагӣ 5 нақши лаҳзагӣ, аммо хотирмон офарид:

1. “Чор нафар аз Чорсанг”-и Маргарита Қосимова, соли 1972 (нақши лаҳзагӣ);

2. “Стансияи кӯҳӣ”-и Анвар Тӯраев ва Ҳабибулло Абдураззоқов, соли 1973 (нақши котиб);

3. “Бофандаҳо”-и Маргарита Қосимова, соли 1973 (нақши лаҳзагӣ);

4. “Буд набуд, дар синфи як буд...”-и Маргарита Қосимова, соли 1977 (нақши роҳрӯб);

5. “Зане аз роҳи дур”-и Тоҳир Собиров, соли 1978.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД