Formula novemver 2024
Аз Убайдуллои Каромат то Нигина Амонқулова: Кӣ чӣ унвон гирифт?
686

Убайдулло Каромат Ҳофизи халқии Тоҷикистон, овозхон Моҳрухсор Сафиева ва навозанда Баҳром Қодиров Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон шуданд. Ин унвонҳоро дирӯз ба онҳо Сарвари давлат ба ифтихори 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ тақдим карданд.

Ҳамзамон, ҳунармандони театр Моҳпайкар Ёроваву Мирзоумари Мирзоаҳмад ва сарояндагон Нигина Амонқулова, Гуласал Пӯлодова, Дилноза Каримова, Фахриддини Малик, Зикриоллоҳ Ҳакимов, Гулбаҳор Шокирова, Хуршед Иброҳимзода, Сироҷиддин Ҷӯраев, Ақназар Аловатов, Фотима Машрабова, Ҷобиршо Хубоншоев ва чанди дигар акнун Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон шуданд.

Умуман, дирӯз дар Қасри миллат ба 200 нафар кормандони касбу кори гуногун унвону ҷоизаҳои давлатӣ тақдим шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД