goodwell
Аз талхии ятимӣ то шаҳди шеър
29.08.2026
Oila.tj
146

“Мо ятимон ҳақгӯву якрӯем. Як маром дорем. Моро Ватан парвардааст ва мо фарзанди ҳақиқии ватанем. Шод бош, Ватан! Озод бош Ватан! Шукуфо бош!” – навиштааст дар поёни “Ятимӣ” ном эссеяш Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса. Воқеан, Ҳадиса эҷодкоре буд, ки зиндагии душвореро паси сар кард, вале то лаҳзаи вопасини умр вожаи шукронаро аз қалбу забонаш дур накард.

Шукри обат,

Шукри хокат,

Шукри шому шукри субҳи атрнокат.

Тоҷикистони азизам,

Модари ҷони азизам...

Муаллифи ин мисраъҳои самимӣ Шоири халқии Тоҷикистон, 20 августи соли равон, дар субҳи атрноки Ватан, хоки ватанро ба рӯ кашид...

Муруре мекунем ба рӯзгор ва осори Ҳадиса.

Ҳадиса Қурбонова 17 феврали соли 1940 дар деҳаи Шӯркаҳаки Сарихосор ба дунё омадааст. Аммо кӯдакии ӯ аз ҳамон солҳои аввал бо сахттарин имтиҳони зиндагӣ рӯ ба рӯ шуд. Падараш Усто Қурбон ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафт ва модар низ дере нагузашта аз олам даргузашт. Ҳадисаи хурдсол ҳамроҳи хоҳари калониаш Оиша бесаробон монданд. Баъдтар тақдир ӯро аз як ятимхона ба ятимхонаи дигар бурд. Хонаи ятимони Сарихосор, Балҷувон, Унҷии Хуҷанд, Шаҳринав ва Душанбе маконҳое буданд, ки солҳои кӯдакӣ ва наврасии ӯ дар он пушти сар шуданд.

Аз даст додани модар дар синни хурдӣ дар қалби шоир захме гузошта буд, ки баъд аз даҳсолаҳо низ дар шеърҳояш эҳсос мешуд. Дар яке аз шеърҳои худ менависад:

Бигӯ, ки модарамро дидаӣ ту?

Ягон ҳарфе аз ӯ бишнидаӣ ту?...

Вале бар ёди ман не рӯи ӯ монд,

На мавзун қомату не бӯи ӯ монд.

Ба чашмам ҳар гули зебои олам,

Чу модар менамояд поку хуррам.

Дар ҳамин чанд мисраъ метавон дарди кӯдакеро эҳсос кард, ки симои модар аз хотирааш рафтааст, вале эҳтиёҷ ба меҳри модар ҳамеша бо ӯ мондааст.

Талхии ятимӣ баъдтар дар эҷодиёти Ҳадиса борҳо бозтоб ёфтааст. Мавзуи кӯдак, модар, танҳоӣ, меҳрубонӣ ва ниёз ба муҳаббати инсонӣ дар ашъору навиштаҳояш пайваста ҳузур доранд. Намоишномаи «Муниса», ки соли 1973 навишта шуд ва баъдан онро Театри шаҳри Кӯлоб ба саҳна гузошт, низ аз зиндагии кӯдакони ятимхонаи Балҷувон қисса мекунад. Ҳадиса хотироти талхи ятимхона ва бори гарони бекасиро як умр ба дӯш мегардонид ва онро дар силсилаи ашъори “Хонаи ятимон” ва хотираҳои “Хонаи ятимон” ба қалам додааст.

Дар муҳити ятимхона истеъдоди мусиқии Ҳадиса низ сайқал ёфт. Ӯ нота меомӯхт, рубоб менавохт, навохтани фортопианаро омӯхт ва бо мусиқӣ унс гирифт. Шояд ҳамин заминаи мусиқӣ буд, ки баъдтар бисёр шеърҳояш ба оҳанг даромаданд ва зуд шуҳрат ёфтанд.

Нахустин шеърро Ҳадиса ҳанӯз дар синфи нуҳум навиштааст. Манзараи табиати кӯҳсор, дарахтони гулпӯш ва шодии ҳамсабақон ӯро ба навиштан водор карданд. Муаллимааш навиштаи ӯро писандида, маслиҳат дод, ки ба аҳли адаб нишон диҳад. Боқӣ Раҳимзода низ шеъри духтари ҷавонро хонда, тавсия дод, ки онро ба рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» пешниҳод кунад. Дере нагузашта нахустин шеъри Ҳадиса дар саҳифаи аввали рӯзнома нашр шуд.

Ҳамин тавр, роҳи адабии духтаре, ки солҳои кӯдакиашро дар ятимхонаҳо гузаронида буд, оғоз ёфт.

Соли 1958 Ҳадиса ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1963 онро хатм кард. Баъдан дар шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи полиграфии Москва низ таҳсил намуд. Фаъолияти меҳнатиаш асосан бо матбуот ва нашри китоб пайванд дошт. Дар нашриёти «Ирфон», рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», Кумитаи давлатии табъу нашр ва солҳои зиёд дар нашриёти «Адиб», ҳафтаномаи “Боҷу хироҷ” ва маҷаллаи “Фирӯза” фаъолият кард.

Соли 1972 нахустин маҷмуаи ашъораш бо номи «Паймон» бо сарсухани устод Мирсаид Миршакар нашр шуд. Баъд аз он «Шукрона», «Сомон», «Даргоҳи Офтоб», «Дунёи ҷавонӣ», «Эҳсон», «Лоиқ намеояд дигар», «Мадина», «Чакомаи Душанбе», «Сояи миҷгон», «Ҳилолӣ», «Хатлон», «Меҳвари ишқ», «Соҳати дил», «Тӯфон», «Хаймаи Хайём», «Шоҳин», “Ҳофиз”, “Бедил” ва дигар китобҳояш пайи ҳам ба дасти хонанда расиданд.

Меҳварҳои асосии шеъри Ҳадиса муҳаббат ба Тоҷикистон аст, ки дар боло ишора кардем. Ин муҳаббат барои ӯ аз расмиёт иборат набуд. Кишваре, ки кӯдаки ятимро паноҳ дода, хондаву соҳибқалам карда буд, дар шеърҳояш аксар вақт бо симои модар меояд:

Тоҷикистони зи ҷон ширинтарам,

Тоҷикистони ҷавону дилбарам.

Мисли тифле дӯст медорам туро,

Аз ту ояд бӯйи шири модарам.  

Дар солҳои душвори 90-ум вақте дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз шуд, Ҳадиса ҷигархун шуд.

Тоҷикистон, ҷони ман, шукри туву

Ношукри фарзандони ношкури то бод.

Тифли домангират аз чоки гиребонат гирифт.

Бо ҳама бедардиву бесӯз хокат карда бод.

Ҷанги шаҳрвандӣ ба Ҳадисае, ки кӯдакиаш дар даврони ҶБВ ва рӯзгори сангини баъди ҷанг сипарӣ шудааст, фоҷеаи мудҳиш буд. Шавҳари ӯ, корманди Кумитаи телевизион ва радио Маҳмудов Маъруф Орифович дар муҳосираи кумитаи телевизион ва радио қурбон шуд. Дар ҳамон давра шоира силсилаи “Суруди хайрбод”-ро ба шавҳараш бахшид ва шеърҳои “Тоҷикистон”, “Эй Душанбе”, “Саҷҷода”, “Сару сомоне ку”, Дусад рӯ”, ва ғайраро эҷод кард, ки дар онҳо рӯзгори мардуми мо, махсусан бонувон дар он лаҳзаҳои душвор инъикос шудаанд.

Маъруфтарин шеъри ватандӯстонаи ӯ «Шукрона» аст. Он бо оҳанги Қудратулло Яҳёев ва садои Нуқра Раҳматова даҳсолаҳо миёни мардум садо медиҳад. Даҳҳо сароянда, аз ҷумла дар хориҷи кишвар феълан онро бозхонӣ кардаанд ва мекунанд. Ба ашъори Ҳадиса беш аз сад сарояндагони тоҷик  оҳанг дароварда, онҳоро Барно Исҳоқова, Ҷӯрабек Муродов, Зафар Нозимов, Одина Ҳошим, Нуқра Раҳматова, Парвин Юсуфӣ ва дигар ҳунармандон месароянд.

Як шеъри дигари Ҳадисаро, ки дар солҳои Шӯравӣ ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Саидқул Билолов оҳанг баставу месароид мисол меорем:

И раҳаки Данғара раҳи сӯзонай,

Аскарбача рафта тӯшааш талқонай.

Полиз норасида хирманаш нокуфта,

Сар дар сари зону ёракуш гирёнай.

Дар ин мисраъҳо, ки дар ҳавои шеърҳои мардумӣ навишта шудааст, дарди модару маъшуқаи чашмбароҳи сарбоз бо лаҳни зебо баёнб шудааст. Умуман, дар эҷодиёти Ҳадиса истифода аз ганҷинаи гаронарзиши мардумӣ фаровон аст, ки бояд аз ҷониби пажӯҳишгарон таҳқиқ шавад.

Ҳадиса асосан шоири лирик аст ва ашъораш мухлисони зиёде доранд. Аммо шоир солҳои баъдӣ ба жанри достон рӯ овард ва зиндагиномаи манзуми шахсиятҳои таърихиву адабиро офарид.  Аз ҷумла достонҳои “Мавлавӣ”, “Хаймаи Хайём”, “Ҳилолӣ”, “Шоҳин”, “Ҳофиз” ва “Бедил”-ро офарид, ки дар онҳо рӯзгор ва осори ин шоирони бузурги классик инъикоси бадеӣ ёфтаанд. Дар достони “Хатлон” бошад Ҳадиса ба таърихи Хатлонзамин рӯй овард ва марҳилаҳои ҳассоси ин сарзаминро аз даврони бостон то ба замони муосир бо забони шеър баён намуд. Ҳадиса дар бораи одамони замони мо низ достонҳо таълиф кардааст, аз ҷумла достони “Тӯфон”, ки ба ҳунарманди номвар Ҷӯрабек Муродов бахшида шудааст, “Лоиқ намеояд дигар”, ки сӯгномаи устод Лоиқ аст ва достони “Саддом Ҳусейн”, ки шоир кӯшиш кардааст ҳаводиси пурпечутоби иҷтимоӣ ва сиёсии муосирро дар он матраҳ намояд.

Нақди адабии тоҷик ба достонҳои Ҳадиса ҳанӯз баҳои сазовор надодааст. Банда ҳам, чун мутахассис нестам аз таҳлили достонҳо худдорӣ менамоям. Фақат ишораи як нукта кофӣ аст, ки Ҳадиса барои таълифи достони «Лоиқ намеояд дигар» барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода гардидааст. Зикри ин нукта ҳам муҳим аст, ки Ҳадиса хотираи дӯсташ Лоиқро то охирин рӯзҳои умраш пос медошт ва ахиран китоби захиме нашр кард, таҳти унвони «Лоиқи дилҳо», ки дар он хотираву ёддошт, мақолаву шеърҳояш бахшида ба шоири бузурги миллат гирдоварӣ шудаанд.  

Дар воқеъ Ҳадиса инсони қадришиносу намакшинос буд ва онҳоеро, ки барояш некӣ кардаанд ё дар ҷодаи зиндагиву эҷод дасташро гирифтаанд, ҳамеша ёдоварӣ менамуд, дар бораашон мақолаҳо менавишт. Махсусан, дӯстони ҳамқаламашро қадршиносӣ мекард ва дар бораи аксари онҳо мусоҳиба, мақола, шеър ва ёддошту хотирот нашр кардааст.

Асари машҳури Ҳадиса “Теғи одамкуш”-ро метавон мисол овард, ки ба рӯзгору осор ва фоҷеаи зиндагии нависанда Ҷумъа Одина бахшида шудааст. Ҳамчунин, Ҳадиса муллифи очеркҳои “Аз пайроҳа то шоҳроҳ” (1976) - дар бораи ресанда, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, Ҷонишини директори Иттиҳодияи истеҳсолии матоъҳои пахтагини Душанбе ва Депутати Совети Олии ҶШС Тоҷикистон Розия Қурбонова, “Боғҳои шаҳдрез” – дар бораи боғпарвари номӣ Маҳмадулло Азизов (1983) аст, ки дар шакли китобҳо нашр шудаанд. Умуман публитсистикаи Ҳадиса биёр рангин аст. Ӯ муаллифи сафарномаҳо (“Раҳовард”, “Данғара”, “Сафар кардан ҷаҳон дидан”, “Аз Панҷрӯд то Зиндарӯд” (Эрон), сафарномаҳо аз Туркия, Кипр, Юнон, Тайланд ва Аврупо), хотирот (“Навоҳои Хатлон”, “Хонаи ятимон”, “Ятимӣ”) ва мусоҳибаҳову портретҳои адабӣ аст. Мусоҳибаҳои ӯ бо устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, Убайд Раҷаб, Саидалӣ Маъмур, Гулназар, Кароматуллоҳи Мирзо, Абдураҳмони Абдуманнон, Вафо Назаров, Равшани Ёрмуҳаммад, Ато Ҳамдам ва дигарон ва портретҳояш дар бораи устодон Мӯъмин Қаноат, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Абдулҳамид Самад, устод Лоиқ, Бозор Собир, Аълохон Афсаҳзод, Мавҷуда Ҳакимова, Миръатулло Атоев, Муҳиба Ёқубова ва бисёр ҷолибу пурбор ҳастанд. Махсусан мусоҳибаи Ҳадиса бо устод Муҳаммадҷон Шакурӣ қариб 50 саҳифа буда, ба бисёр паҳлӯҳои рӯзгор ва осори устод равшанӣ менадозад. Осори насриву публитсистии Ҳадиса дар ду ҷилд таҳти унвони “Мазҳари Хуршед” (ҷилди аввал, 2013, 680 саҳ., ҷилди дуюм, 2021, 848 саҳ.) гирдовариву нашр шудааст. 

Ҳадиса Қурбонова дар драматургия низ табъ озмудааст ва асарҳои саҳнавии ӯ «Муниса», «Машъали ҷовид», «Дуроҳа», «Зиндагӣ» ва «Савти нотамом»-ро эҷод кардааст. Бархеи ин асарҳо дар театрҳои кишвар ба саҳна гузошта шудаанд. Ҳадиса ба тарҷумаи бадеӣ низ машғул шудааст ва осори А. Белевич («Дарду ғами Хатин»), С. Мавлонов («Арчаи сурх»), шеърҳои алоҳидаи Махдумқулӣ, С. Капутикян ва Зулфияро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст. Шеърҳои худи ӯ низ ба забонҳои русӣ, белорусӣ, арабӣ ва чехӣ чоп шудаанд.

Ҳадиса аз соли 1969 узви Иттифоқи журналистон ва аз соли 1978 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Соли 1994 ба унвони Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, соли 2003 ба Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода сазовор гардид. Соли 2010 бошад, ба ӯ унвони Шоири халқии Тоҷикистон дода шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД