arzon replenishment
Аз рӯйи шароб хонахароб шудам
27.11.2024
ОИЛА.ТҶ
909

Салом! Ман як марди дар зиндагӣ пешпохӯрда ҳастам ва мехоҳам саргузаштамро нақл кунам, то ки ба дигар мардон дарси ибрат гардад ва мисли ман бо ҷӯрабозию арақхӯрӣ ҳаёташонро барбод надиҳанд.

Замоне тамоми боигарии дунё насибам буд, якто не, ду-се мошинҳои гаронбаҳои хориҷӣ, хонаву ҳавлии боҳашаммат, боғу роғ, мағоза ва бӯстонсарой доштам. Писаронам дар донишгоҳҳои хориҷӣ таҳсил мекарданд, ҳамсарам мағозаи калони тилофурушӣ дошт, вале...

Маро дӯстонам ошиқи шароб карданд. Ҳар рӯз ба дари хонаам омада маро ба шабнишиҳо мебурданд. Варзоб, Норак, Роғун, хулоса ҷое намонд, ки нарафта бошем. Оҳиста-оҳиста ҳамсарам аз рӯйи арақи лаънатӣ бо ман ҷанҷол мекардагӣ шуд. Зориву тавалло мекард, ки тавба карда, саҷдаи Парвардигорро ба ҷо биёрам. Қаҳрам меомад ва «корат ба ман набошад» гуфта, занамро зери мушту лагат мегирифтам. Ҷӯрабозию майхорагӣ маро одат шуда буд, як рӯз айшу ишрат накунам, хобам намебурд. Борҳо баъди айшу нўш дар роҳ ба садама гирифтор шудам, вале ин ҳама ба ман ҳеҷ дарси ибрат нашуд.

Ростӣ муддате бо маслиҳати додарам масҷидравак шудам. Қатори мардум рост истода, сар ба саҷдаи Худо мезадам, то маро аз ин беморӣ раҳоӣ бахшад, вале нашуд, ки нашуд. Дилам барои шароб гум мезаду маро боз сўи тарабхонаҳо мебурд. Дере нагузашта қадамам аз масчид канда шуд ва боз ҳамон Аҳмади порина гаштам. Шароб менўшидаму масту махмур ба хона баргашта хурӯси ҷангӣ барин моҷаро меҷустам. Ҳамсарам тобу тоқати ҷангу ҷанҷолҳои пайвастаи маро накарда аз хона баромада рафт. Писаронам низ таркам карданд.

Пушаймон шуда бошам ҳам, ба ҷойи тавба кардан аламамро боз аз шароб мегирифтам. Акнун ҳар рӯз тани танҳо шароб менӯшидам ва масту аласт ба кӯча баромада ба ҳамсояҳо ҷангу ҷидол мекардам. Тамоми молу мулкам оҳиста- оҳиста аз даст рафт. Касе аз дарам намедарояд, ягон ҷӯраам ба ман ҳатто занг намезанад, касе саломамро алейк намегирад. Сарамро ба куҷо занам, намедонам.

Ба мардҳо гуфтаниям, ки ҳаргиз ба ҷӯрабозию арақхӯрӣ дода нашавед, чунки маю шароб ба ҷуд бадномию бадбахтӣ дигар чизе намедиҳад.

Д. С.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД