Шаби гузашта, тақрибан соатҳои 00:15 як ҷавони 25-солаи тоҷик дар марзи Қазоқистону Русия ба таври фоҷиавӣб ба ҳалокат расид.
Ҳодиса дар ҳудуди ноҳияи Ершови вилояти Саратови Русия сар зада, бар асари садамаи нақлиётӣ як муҳоҷири тоҷик ба ҳалокат расида, боз чанд муҳоҷири дигари тоҷик ҷароҳатҳои вазнии бардоштаанд. Идораи пулиси роҳ ё ГИБДД-и вилояти Саратов дар ин бора хабар дода мегӯяд, садама дар шоҳроҳи федералии А-298, ки ба тарафи гузаргоҳи Озинки дар марзи Русия бо Қазоқистон мебарад, рух дода, ронандаи соли таваллудаш 2003, ҳангоми идора кардани мошини тамғаи “Hyundai” аз роҳ бероҳа шудааст.
Дар натиҷаи ин садамаи маргбор як мусофири 25-солаи мошин ба ҳалокат расида, ронанда ва мусофирони дигарро, ки ҳамагӣ зодагони Тоҷикистон будаанд, бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба беморхона интиқол додаанд.
Вазири тандурустии вилояти Саратов Олег Костин дар Telegram-каналаш дар ин бора хабар дода навиштааст, ки марди ҳалокшуда сокини 25-солаи Тоҷикистон буда, як шаҳрванди дигари 22-солаи Тоҷикистон дар ин садама устухони ронаш шикастааст ва мағзи сараш ҷунбидааст. Ронандаи мошин, сокини 19-солаи шаҳри Ершовро низ мағзи сараш ҷунбидааст.”
Дар ин бора Бомдод хабар дода, менависад, ки муҳоҷирони тоҷик ба Ватан бармегаштанд ва ё мехостанд аз марз убур карда, боз ба Русия баргарданд, ҳанӯз маълум нест.