Commerce bank may-june 2026
Аз “Роғун” то зеҳни сунъӣ: Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки сармоягузориро муайян кард
123

Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Восидиён дар ҷаласаи пленарии «Евразия 2030+: сармоягузорӣ, рушд ва имкониятҳои нав», ки дар доираи Ҷаласаи солона ва Бизнес-форуми Бонки рушди Авруосиё дар шаҳри Алмаато баргузор гардид, суханронӣ намуд.

Ӯ дар суханронии худ нақши муҳими Бонки рушди Авруосиёро дар таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва баланд бардоштани устувории иқтисодии кишварҳои иштирокчӣ таъкид кард.

Фарҳод Восидиён зикр намуд, ки Тоҷикистон худро ҳамчун пули энергетикӣ, нақлиётӣ ва рақамӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ арзёбӣ намуда, ба рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ, инфрасохтори энергетикӣ ва технологияҳои рақамӣ аҳамияти махсус медиҳад.

Аз ҷумла, рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикӣ, навсозии соҳаи энергетика, гузариши рақамӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ ва рушди энергетикаи сабз аз самтҳои асосии сармоягузорӣ дар минтақа номбар шуданд.

Ҳамчунин ба сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе ва дурнамои густариши ҳамкорӣ бо Бонки рушди Авруосиё дар доираи Стратегияи нави бонк барои солҳои 2027-2031 таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Ба гуфтаи Фарҳод Восидиён, рушди устувори иқтисодии Авруосиё бояд бар пояи навоварӣ, технологияҳои муосир, рушди сармояи инсонӣ ва таҳкими ҳамгироии минтақавӣ асос ёбад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД