Шабнами Тоҷиддинро аз рӯзи аввали ба саҳна баромаданаш гӯш мекардаму муҳаббатам нисбати ин ҳунарманд рӯз то рӯз зиёд мегашт. Шабнам суруд хонад, беқаророна ба қаду қоматаш чашм дӯхта, хаёлан ба ӯ изҳори муҳаббат менамудам.
Суруди «Хуморибача» маро ошиқи зори Шабнам гардонда буд ва орзу мекардам, ки ин зебосанамро як бор аз наздик бубинам. Рӯзе дар даромадгоҳи Кохи Малика Шабнамро дида сӯяш шитофтам. Давдавон фарёд задам: «Шабнам ба шумо гап дорам!» Шабнам сӯям ҳатто нимнигоҳе накарда ба мошинаш нишаста рафт. Ҳавобаландии сарояндаи дӯстдоштаам диламро аз дунё сард гардонд. Телефонамро, ки тамоми сурудҳои Шабнамро дар он ҷой карда будам, аз қаҳр ба девор зада шикастам. Аламамро бо ҳеҷ роҳ паст карда натавониста аз ғазаб бо корд раги дастамро буридам. Ғарқи хун ба замин афтиданамро медонаму халос. Вақте ба ҳуш омадам, аллакай дар беморхона хобида будам. Пушаймон шудам аз қасд кардан ба ҷони ширинам, зеро дарк намудам, ки чунин бонувон ба қадри одаму ба қадри дил намерасанд.
Акнун ҳар бор суруди «Ту маро мешунавӣ?»-и Шабнами Тоҷиддин ба гӯшам расад, нафратам нисбати Шабнам зиёд мегардад. Агар ӯ садои дили маро мешунид, агар муҳаббати мухлисонаи маро дарк менамуд, ҳеҷ гоҳ ба чунин аҳвол намерасидам! Шарм медорам ба рӯи падару модарам нигарам. Шабнамро дигар ҳаргиз дидан онтараф истад, садояшро шунидан намехоҳам!
Ғолиби Мехкалонӣ.