Lmarka 2025
Аз пагоҳ то 2-юми май тӯфони гарду ғубор пешгӯӣ мешавад
29.04.2025
Oila.tj
704

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар аз тағйирёбии ҳаво хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, аз 30-юми апрел то 2-юми май дар минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бинобар тағйирёбии ҳаво тӯфони гарду ғубор пешгӯӣ мешавад.

Дар ин замина, КҲФ ба аҳолии кишвар муроҷиат намудааст, то ба беморони дорои касалиҳои дилу раг ва қанд аҳамият диҳанд. Ба аҳолӣ тавия дода шудааст, ки бештар оби тоза нӯшанд, тирезаҳои хонаро пӯшанд, ҳавои дохили хонаро тоза нигоҳ доранд, бо латтаи нарму нам фарш ва тирезаҳоро пок кунанд.

Ҳамчунин, ба онҳое, ки гирифтори бемориҳои зиқ ва роҳи нафасанд, тавсия дода шудааст, то меъёри доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо коҳиш надиҳанд ва ҳамеша бо худ дастгоҳҳои нафасдиҳӣ дошта бошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД