Ман занеро дӯст медорам, ки аз худам калон асту нав аз шавҳараш ҷудо шудааст. Мехоҳам бо ӯ акди никоҳ бандам, вале падару модарам ба ин интихоби ман ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ намешаванд. Қарор додам, ки пинҳонӣ ӯро ба никоҳам дарорам. Оё амали ман дуруст аст ё нодуруст?
МАЛИКШО, ш. Душанбе
Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ:
- Бародари азиз, агар иддаи талоқи он зан сипарӣ шуда бошад, никоҳи шумо аз нигоҳи исломӣ дуруст аст. Зеро дар никоҳ муҳим розигии тарафайн аст. Аммо падару модар аз он никоҳ розӣ набошанд, зиндагии шумо бебаракат хоҳад шуд. Чунки дуои волидайн барои саодати зиндагии фарзандон бисёр муҳим аст. Ягон падару модар дар зиндагӣ бадии фарзандашро намехоҳад. Бинобар ин, шумо ин қазияро бо падару модаратон ҷиддӣ дар миён гузоред ва ба онҳо фаҳмонед, ки интихоби шуморо қабул кунанд. Падару модаратон иншоаллоҳ мувофиқ ба майлу хоҳиши шумо амал мекунанд. Вале ба ҳеҷ ваҷҳ падару модаратонро наранҷонед, ки ин гуноҳи азим аст.