Сулаймон Саидғоизиев, ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик, узви дастаи "Коно ва Доно" Тоҷикистонро тарк намуд. Ин хабар мо, аҳли эҷоди сомонаи “Оила. ТЧ-ро хеле нигарон кард, зеро солҳои охир бо сабабҳои гуногун чандин ҳунармандони шинохтаи тоҷик, ки дар рушди фарҳангу санъати миллат нақши хеле муассир доштанд, тарки Ватан намуданд.
Бо рафтани ҳар як ҳунарманд дар боғи ҳунари тоҷик як дарахти борвар кам мешавад, аз ҳамин хотир хабари шаҳрвандии Русияро қабул карда, тарки Ватан намудани Сулаймонро аз забони роҳбари гурӯҳи ҳаҷвии “Хандинкамон” Муқимҷон Абдуфаттоев шунида, мо хеле озурда гаштем.
Барои фаҳмидани ҳақиқати ҳол субҳи имрӯз хабарнигори сомона Мирзоҷони Фархорӣ ба ин ҳунарманд занг зад. Хушбахтона, гӯшии телефонро худи Сулаймон бардошта, иқрор шуд, ки дар ҳақиқат чанд вақт боз дар Тоҷикистон набуд, вале ба Русия на ба хотири дарёфти шаҳрвандии ин кишвар, балки барои табобат рафта буд.
Ҳаҷвнигори шинохта мегӯяд, чанд сол боз аз дарди сутунмӯҳра азият мекашиду касе ба дардаш даво ёфта натавонист. Дар Тоҷикистон бо муввафаққият гузаштани ҷарроҳиро кафолат надоданд, аз ҳамин хотир ҳунарманд бо дастгирии падарарӯсаш барои табобат ба Русия рафтааст. Сулаймон Саидғозиев мегӯяд:
-Ман чанд сол боз аз бемории сунумӯҳра азият мекашидам. Дар ин ҷо бомуваффақият гузаштани ҷарроҳиро табибон кафолат надоданд, аз ҳамин сабаб ба Русия рафта, дар беморхонаи "Фекебаран" табобат кардам. Хушбахтона, ҷарроҳиам хуб гузашт ва сиҳату саломат ба Ватан баргаштам.
Ёдрас мешавем, ки Сулаймон Саидғоизиев қаблан дар ҳайъати гурӯҳи “Хандинкамон” ҳунарнамоӣ мекард. Ин ҳунармандро мардум бештар туфайли тақдилкориҳояш ба ситораҳои дурахшони кишвар-Шабнами Сураё, Фарзонаи Хуршед, Зулайхо Мамадшоева, Нигина Амонқулова, Мино ва дигарон мешиносанд.
Аксаран тақдилкории ҳаҷвнигорон боиси малоли хотири овозхонҳо мегардад, вале Шабнам Сурайё аз ҳунари тақлидварзии Сулаймон тарафдорӣ намуда, ба ӯ аҳсан хондааст.