Аз ҷониби Агентии хоҷагии ҷангал 102 ҳазор бех ниҳол шинонида шудааст
92

Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар мамлакат 102 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан ва мевадиҳанда шинонидааст.

Дар мавсими нави ниҳолшинонӣ, яъне аз охири моҳи ноябр дар мамлакат шинонидани 48 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан ва мевадиҳанда дар назар аст.

Бояд иброз намуд, ки шинонидани дарахтон дар асоси «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», ки бо мақсади беҳдошти вазъи экологии ҷумҳурӣ, пешгирии таъсири номатлуби тағйирёбии иқлим ва муҳайё намудани шароити мусоиди зисти аҳолӣ қабул гардидааст, амалӣ карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД