Arzon march 2024
АЗ ҶОДУГАРИЯТ НАМОНДӢ, ОЧА!
21.02.2021
ОИЛА
4942


Хонандаи нуктасанҷи сомонаи «Оила»-и азиз, маро бубахш, ки аз модар шиква мекунам. Аз таънаву маломат ва неши забон ба ҷон омадаам, агар дардамро нагӯям, аз ғам мемирам.

Модаре, ки бо сад ҳазор ранҷ моро ба дунё овард, хӯронду пӯшонд ва дар пастиву баландиҳои зидагӣ роҳнамоям буд, оқибат ҷодугариро интихоб намуда, шармандаам кард. Пулу мол чашми модарамонро чунон кӯр кардааст, ки ба гӯшаш панди касе намедарояд. Зани ҳилагару мардумфиребе модарамро ба кӯйи ҷодугарӣ роҳнамо гашт. Акнун модарам бо роҳи ҷодугарӣ пули муфт меёбаду ману се додарамро бо пули ҳароме, ки аз хонавайрон кардани одамон ба даст омадааст, мехӯронаду мепӯшонад. Хонаи чандин касонро аллакай сӯхтааст, модари ҷодугарам. Мардуми сода ба гапаш бовар карда, ба қавле «клиент» мешаванд ва ҳар чизе, ки мефармояд, меоранд. Аз ҳисоби ҳамин содадилон соҳиби дову дастгоҳ шудем. Модари ҷодугарам мошини «Хундай Саната»-ро ронда давру даврон дорад! Мехоҳам аз минбари баланди «Оила» ба модарам бигӯям:

Оча! Магар аз Худованд заррае тарсу ҳарос надорӣ, ки хонаи мардумро бо сеҳру ҷоду месӯзӣ?! Мо ба пули ҳаромат ниёз надорем, илтимос, дигар одамони содадилро фиреб накун! Имонатро насӯзон, оча!!!
Комрону Шаҳром ва Усмон

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД