Баъзе одамон ба хотири ба даст овардани даромад манзилашонро ба иҷора медиҳанд.
Мехоҳам донам аз хонае, ки ба иҷора дода шудааст, чӣ гуна закот медиҳанд? Нархи хона бояд ба назар гирифта шавад ё нархи иҷора?
Шамсиддин
Посухи намояндаи Раёсати фавтои ҶТ
Бародари азиз, дар ин масъала аз фоидаи иҷора закот пардохта мешавад, ба шарте, ки маблағи ба даст омада ба миқдори нисоб расад ва як сол бар он гузарад. Хона барои тиҷорат, яъне фурӯш бошад, дар ин ҳолат аз нархи хона закот дода мешавад.