Номи ман Аҳмад. Мо дар оила 7 нафар ва ман писари хурдӣ ҳастам. Се бародарам оиладор шуда, соҳиби фарзанд шудаанд, апаҳоям низ шавҳару фарзанд доранд...
Ҳар рӯзи зодрӯзам хурсанд мешудам, ки боз як сол калон шудам. Намедонам аз чӣ бошад, ки 18-сола шудан ба назарам аҷиб метофт. Ҳамеша худ ба худ андеша мекардам, ки 18 сола шавӣ, калон мешавӣ ва дигар ҳеҷ кас ба ту кордор намешавад. Зиндагии мустақилонаат ғоз меёбад ва бо майли дил ҳаётатро тарзе, ки худат мехоҳӣ, месозӣ, вале...
Пас аз 18 солагӣ боз 4 соли дигар дар зери дасти муаллимон мондам. Ба азобҳои давраи донишҷӯӣ базӯр тоб оварда, худро тасаллӣ медодам, ки кам монд Аҳмад, тоқат кун, кам монд.
Ишқи онлайнӣ
Дар синни 22-солагӣ ба духтаре чун Маҷнун девонавор ошиқ шудам. Ёдам ҳаст, замоне ки ошиқ шудам, дар курси 4-и донишгоҳ мехондам. Ростӣ, то он дам ба чанд духтар изҳори муҳаббат карда будам, аммо ягонтояш самимӣ набуда, танҳо ҳавою ҳаваси ҷавонӣ буд...
Ҳамааш аз онҷо шурӯъ шуд, ки телефони қимматбаҳо харида, бори аввал инстаграм кушодам. Интернет чунон маро ба худ кашид, ки ҳар саҳар баъди аз хоби ширин бедор шудан аввал интернетро дармегирондам ва ба лентаву директ медаромадам. Чанд муддат ҳамин хел идома кард. Рӯзе дар вақти тамошои лентаи инстаграм чашмам ба нафаре бархӯрд, дар аввал он қадар аҳамият надода, ба ӯ лайк мондам, рӯзи дуюм боз ҳамон духтар дар сайти ман пайдо шуд. Ин бор низ лайкаш мондам ва ба профили шахсиаш даромада дигар суратҳояшро низ тамошо кардам. Ростӣ ба назарам бисёр зебо намуд. Акнун интизор мешудам, кай сурати навашро нашр мекунад.
Ҳамин тавр “ошиқ” шудам. Синну солам ба 22 расида, аҳли оилаамон дар фикри оиладор кардани ман афтода буданд. Рӯзе модарам ба ман занг зада гуфт, ки туро хонадор карданием, агар ягон духтарро таги чашм карда бошӣ, бигӯ, ба хонаашон хостгорӣ равем, вале натавонистам ба модарам бигӯям, ки якеро дӯст медорам, чунки ҳоло худи духтар аз ишқам хабар надошт, бар замми ин, боварӣ доштам, ки аҳли оилаамон ҳеҷ гоҳ духтареро, ки интернет дорад, келин намекунанд. Хулоса, мани ошиқи шайдо ба гирдоби андеша фурӯ рафта, чи кор карданамро намедонистам. Хеле фикр карда ба хулосае омадам, ки аввал бояд дили духтарро ёбам, баъд ягон илоҷ карда, волидонамро розӣ мекунам. Тамоми ҷуръатамро ҷамъ карда рӯзе ба ӯ навиштам:
-Салом
Ҷавоб надод. Чанд рӯзи дигар салом додам, вале ҷавоб нагуфт.
Дар ин миён ҳар рӯз аз хона занг зада мепурсиданд, ки чи кор кунем, ягон дӯстдошта дорӣ ё арӯсро худамон ёбем. Ман имрӯзу пагоҳ гӯён вақтро кашол медодам, чунки интизори ҷавоби он нозанин будам.
Билохира, косаи сабрам лабрез гашт ва навиштам:
-Саломи маро ҷавоб деҳ, ваъда медиҳам, ки туро ба занӣ мегирам. Мо мардем, туро истифода бурда дар кӯча партофтанӣ нестам!
-Салом, мо хона дорем,-ҷавоб дод духтар.
Ростӣ баданам виҷиррос зад, чунки ҷавоб додан ба смси ман ва кинояи задани он зебосанам барои ман ғалаба буд. Дар профилаш суроғааш навишта шуда буд. Шаб як сурати он паричеҳраро, ки дар он рӯймоли тоҷикона дошт,ба модарам нишон додам. Модарам баъди дидани сурат андешамандона гуфтанд:
-Гумон кардам, ки ин духтарро дар ягон кино дидаам. Суроғааш куҷост?
Вақте аз шаҳр будани духтарро гуфтам, модарам дудила шуда гуфтанд:
-Шаҳр?! Духтари шаҳрӣ дар деҳа магар тоқат мекунад? Аз дасташ ягон кор меояд ё не? Ту ба ӯ гуфтӣ, ки мо оилаи калонем, кору бори зиёд дорем?
-Парво накунед оча, ман ҳамаашро зери назорат мегирам-қаврашро меканам, кор накунад,-шӯхиомезона ҷавоб додам ба модарам.
Тӯй ва чеҳраи ғамгини арӯс
Волидонам дили маро нашикаста ба хостгорӣ рафтанд. “Оилаи на он қадар сарватманд, аммо тоза будаанд,”-гуфт модарам баъди бозгашт аз хонаи арӯс ва илова кард, “Аммо “Слишком современий метобанд.” Ҳамин тавр дилу бедилон волидонам ба хотири наранҷидани ман ба тӯй омодагӣ диданро сар карданд, вале рӯзе аз хонаи арӯс занг заданд. Модарам бо қудояш гап мезаду ман гӯш ба қимор менишастам, ки чӣ мегуфта бошанд. Зоҳиран чунон вонамуд мекардам, ки гӯё ба гапҳои онҳо гӯш намедодам,аммо тамоми ҳушу хаёлам ба телефон банд буд. Модарам паст-паст чизе гуфта телефонро хомӯш кард ва ба андеша рафт. Апаам аз ӯ пурсид, ки чи гап шуд, вале модарам даст афшонда “онҳо розианд” гуфту аз паси кору бори худаш шуд.
Ман дар куртаам намеғунҷидам, аз хурсандӣ наметавонистам дар як ҷой қарор истам. Дилам мехост бо тамоми овоз фарёд занам, аммо шарм медоштам. Дар дил худ ба худ ба волидони дӯстдоштаам сад бор раҳмат мегуфтам, ки розӣ шуданд гул барин духтарашонро ба ман диҳанд. .
Хулоса, бо ҳавас хонаро таъмир намудам, зеро баъди ду моҳ бояд тӯямон барпо мегашт. Ба арӯс шарт мондам, ки ҳамаи суратҳояшро аз интернет пок кунад ва то рӯзи тӯямон ҳар рӯз хабар мегирифтам, ки мабодо боз ягон аксашро дар Инстаграм намонда бошад, вале духтар ба қавлаш вафо карда, дигар ягон акс намегузошт. Бо худ ифтихор карда худ ба худ мегуфтам: “Дидӣ, ту лаҷоми ӯро ба даст гирифта метавонӣ Аҳмад!”
Ду моҳ дар як мижа задан гузашт. Ба тӯй як ҳафтаи дигар монда буд. Ман таъмири хонаро ба охир расонда, ҳар рӯз ба бозор мерафтам, то ки майда-чӯйдаҳои заруриро харида, камбудиҳоро бартараф созам. Дар бозор низ духтарони зебо бисёр буданд, аммо ҳушу хаёли ман танҳо ба арӯсам банд буд ва чашмам гӯё касеро намедид, аммо...
Рӯзи тӯй фаро расид. Он рӯз яке аз беҳтарин рӯзҳои ҳаёти ман буд, чунон хурсанд будам, ки ногуфтанӣ. Ёру дӯстонам маро табрик карда, орзуҳои нек менамуданд ва мани хушбахт бо чеҳраи шукуфон ба онҳо миннатдорӣ баён мекардам, аммо аз чи бошад, ки чеҳраи арӯс ғамгин ва хаёлаш парешон менамуд, гӯё ин тӯйро намехост. Ман дар гӯшаш пичирросзанон ҳар хел шӯхиҳо мекардам, то ки рӯҳияашро бардорам, аммо арӯс ҳатто лабханд намезад. Ин рафтораш бароям нохушоянд бошад ҳам, чунон вонамуд мекардам, ки дилсардии ӯро пай набурда истодаам. Ҳамин тавр тӯй гузашт.
Шаби аввал ва муҳоҷират
Ҳамаи хешу табор ба хонаҳояшон рафта, танҳо модари арӯс бо ду аммааш монданду халос. Дилам мехост тезтар маро бо арӯс танҳо кунанд ва симои зебои ӯро дар интернет не, балки аз пеш бубинам. Ниҳоят шаб фаро расид ва моро танҳо карданд. Дидам, ки арӯс на он қадар табъи хуш дорад. “Арӯс аст, шарм медорад”-гуфта он шаб ба ӯ нарасидам. Саҳар барои хондани намози бомдод хестам. Арӯс аллакай бедор буд ва либосҳои арӯсиашро мепӯшид. Ба берун баромадам. Модари арӯс ба тарафи ман тез-тез чашм медӯхт. Ҷонибаш лабханд задам.
Модарам ба таҳораткунӣ рафт ва хушдоманам маро ба наздаш ҷеғ зад. -Ҳа, духтар чӣ хел? Маъқул шуд кабкаки мо?
-Дар оянда маълум мешавад холаҷон,-гуфта ҷавоб додам.
Ҳамон рӯз модари арӯс рафт. Дилам мехост, ки тезтар шаб шавад. Арӯс аз паи корҳои худ саргардон буд ва ба ман тамоман аҳамият намедод. Шаб, баъди хондани намози хуфтан ба назди ӯ даромадам, вале...
Пас аз қаробат бо арӯс худро бадбахттарин одами рӯи дунё эҳсос намудам, чунки дар ягон ҷои рӯйҷои арӯсӣ хун дида намешуд, вале арӯсам“саросема нашав” гуфта, маро дилпур мекард, ки ягон айб надорад. Бегуноҳашро исбот карданӣ шуда, духтар дар телефони ман мақолаеро кушод, ки аз баъзе духтарҳо хун намебарояд.
Хостам модарамро даъват кунам, аммо баъд дудила шуда мондам, ки мабодо ман хато кунам...
Қарор додам, ки саҳар арӯсро ба духтур бурда, ҳақиқати ҳолро мефаҳмам. Бо ҳамин тасмим хоб кардам.
Саҳар барои намози бомдод хестам. Дар сари ҷойнамоз фикр кардам, ки ин интихоби ман буд, шояд духтар рост мегӯяд, аз баъзеҳо хун намебарояд. Диламро сагҳо меканданд, байни обу оташ монда, чи кор карданамро намедонистам.
Модарам маро барои хӯрдани наҳорӣ даъват кард. Хаёлолуд дар сари дастурхон нишаста тӯй пеши назарам меомад.чӣ қадар хурсандӣ, чӣ қадар орзую ҳавас...
Дилам мехост ба модарам бигӯям, ки арӯс духтар нест, вале боз дудила шуда, лаб фурӯ мебастам.Аз шаби аввал дар дилам захми носуре боқӣ монда, номусу виҷдонам маро азоб медод, вале шояд айби худам буд, гуфта худро тасаллӣ медодам.
Хулоса, суннати пайғамбарро пеши назар оварда гуноҳи арӯсро пӯшндам ва баъди ду моҳи тӯямон ба муҳоҷират рафтам.
Мис-мечта
Дар муҳоҷират рӯзи аввал пазмон шудам. Пазмони париҷеҳрае ки дар хона доштам. Пас аз чанд вақт хабар омад, ки фарзанддор мешавам. Он рӯз ман хушбахттарин одами рӯи дунё будам. Ҳар рӯз бо имо занг зада аз аҳволи хонавода хабардор мешудам. Бо ҳамсарам низ бисёр муошират мекардам. Як рӯз тибқи одат ба инстаграм даромадам. Дар рӯйхати обуначиёни ман нафари наве бо номи Мисс Мечта пайдо шуда буд, вале аҳамият надодам.
Гиряи модар
Рӯзе дар лентаи ман сурати наварӯсам пайдо шуд. Аз ғазаб қариб кафида будам, охир ман ӯро ба таври абадӣ аз истифодаи интернет манъ карда будам. Чаро аз ман напурсида сураташро дар интернет партофтааст? Бародаронам фаҳманд чӣ мегӯянд!? Ба рӯи модарам чӣ гуна нигоҳ мекунам?!
Зуд телефонро гирифта ба хона занг задам, вале модарам ҷавоб надод. Андактар худаш ба ман занг зад. Бо ғазаб дод задам, ки чаро арӯсро назорат намекунед? Келинатон аз куҷое телефон ёфта, рӯзи дароз телефонбозӣ мекунад...
Садои модарам гиряолуд ба гӯш мерасид. Сабаби гиряашро пурсида гуфтам:
-Модарҷон чӣ шуд? Аз гапҳои ман хафа шудед? Бахшиш.
-Не бачам,-бо овози ҳазин ҷавоб дод модарам, вале маълум буд, ки худашро базӯр дошта истодааст.
-Пас барои чӣ гиря доред? -Гуфта пурсидам.
Имрӯз арӯс бо аппаат ҷанг кард. Дар дасташ телефон дида пурсидем, ки онро аз куҷо гирифтааст. “Корат набошад” гуфта бо ҳардуи мо ҷанг кард, баъд ба касе занг зада гуфт, ки биё маро аз ин девонахона бар..
-Аҳмадҷон, бовар кун, мо ба вай ҳеҷ чиз нагуфтем. Вақтҳои охир худаш ҳамеша” зани Россиян шудам” гуфта, киноя мезад ва худ ба худ ғурба мекард. Аз вақти ба Руссия рафтани ту қошу қовоқаш овезон буд. Имрӯз гӯё бо ҳамин баҳона ба як мошини сиёҳшиша нишаста рафт.
-Ҳеҷ гап нест оча, ман ҳоло ба хонаи онҳо занг мезанам,-гуфта бо дили ранҷур телефонро хомӯш кардам.
Шумхабар
Ба хонаи хушдоманам занг задам. Телефонро модари арӯс бардошта гуфт, ки духтараш ба беморхона рафтааст. Таъкид намудам, ки ҳамин ки омад, зуд ба ман занг занад ва телефонро хомӯш кардам.
Бегоҳ нашуда аз рақами хушдоманам занг омад. Бо гумони он ки занам занг зада истодааст, саросемавор гӯширо бардоштам, вале аз он тараф хушдоманам:
-Салом бачам, шояд арӯсат ба хонаи Шумо рафта бошад, ки ба хона наомад гуфт.
Мӯи баданам виҷиррос зад, чунки ман нав ба хона занг зада будам ва модарам гуфтанд, ки арӯс наомадааст.
Ҳамин тавр як ҳафта суроғашон накардам, аммо дилам об мешуд, охир мо бояд фарзанддор мешудем. Ман бо орзуву ҳавас тӯй карда, нақшаву ниятҳои бисёре доштам, аммо...
Фарҷоми талхи афсонаи ширини ишқ
Ҳамон рӯз ба интернет даромадам ва арӯсамро дар пеши мошини бегона бо як марди бегона дидам. Суруд мехонд ва механдид.
Аз ҳамон рӯз ба интернет дигар намедароям.
Андактар ба ман занг зада гуфтанд, ки арӯс исқоти ҳамл намуда, кӯдакро нобуд кардааст.
Ҳамин тавр арӯси аз интернет ёфтаам маро дар пеши падару модар, хоҳару бародар, хешу табор ва ҳамсояҳо сархаму шарманда кард. Гумон мекунам аз ман нодонтар, аз ман аҳмақтару сода касе нест.
Бо эҳтиром: АҲМАДҶОН.