Дар маҳаллаи мо Соро ном зани калонсоли соҳиби фарзанду набера бо як ҷавони 28-сола, ки Даврон ном дорад, ишқварзӣ мекунад. Шавҳараш солҳост, ки дар Русия мардикорӣ мекунад, аммо ин зани пояш ба лаби гӯр расида бо он ҷавон телефонӣ гап мезанаду ба ӯ пул медиҳад.
Азбаски ронандаи таксӣ ҳастам, ҳамарӯза кору кирдори Сорохоларо мебинам. Писари калонии ин зан ҳамсинфи ман мешавад. Ӯ ҳоло дар хизмати аскарӣ аст, вале аз рафтори модараш хабар надорад. Боре косаи сабрам лабрез шуда, ҳангоме, ки ин зан ба мошинам нишаст, хостам ӯро ҳамчун фарзанд насиҳат кунам, аммо Соро маро таҳдид карда гуфт, ки гӯё ман бо чунин тӯҳмати беасос аз ӯ пул кандан мехоҳам. Беҳуда “забони дузду ғар дароз аст” намегӯянд, ин зани шаттоҳ бо дашному ҳақорат аз мошинам фаромад. Баъди чанде ӯро боз бо ҳамон ҷавон дар боғи марказии ноҳияамон дидам. Хостам салом дода, аз пешашон гузарам, аммо Сорохола маро дидан замон, ба ҷавон рӯ оварда гуфт: “Духтари ман панҷ панҷааш ҳунар аст, агар зангир бошед, хостгор фиристед”. Дидам, ки бо ин гуфтаҳояш худро сафед кардан мехоҳад, оҳиста мошинамро гирифта, аз онҳо дур шудам. Аз минбари бонуфузтарин ҳафтаномаи кишвар ба модари ҳамсинфам гуфтаниям: Холаи Соро, обрӯро бо пул харида намешавад, ба хотири сархаму шарманда нагаштани худ ва фарзандонатон каме шарм доред!
Родмеҳр