Sebiston new 2024 october
Аз фаррошӣ то "Super Model International - 2023"
521

 

Модели рус Марям Шарапова, зодаи Тоҷикистон, барандаи унвони Гран-прии “Королева Москвы 2023” ва чандин ҷоиза дар бахши мӯд, бори дигар барандаи Гран-прии озмуни “Super Model International 2023” гардид.

Ӯ шаҳодатномаи нақд ва даъватнома ба Miss Universe-ро гирифт ва акнун бо дизайнерҳои хориҷӣ ҳамкорӣ мекунад.

Бояд гуфт, ки дар ҷашнвораи байналмилалии зебоӣ, муд ва истеъдод “BEAUTY INTERNATIONAL 2023”, ки дар лайнери премиум класси Astoria Grande дар масири Сочи-Истанбул баргузор шуд, Марям бо ифтихор ватани худ Тоҷикистонро муаррифӣ кард.

Дар доираи ин ҷашнвора озмунҳои зебоии “MISS INTERNATIONAL 2023”, моделҳои “SUPER MODEL INTERNATIONAL 2023”, тарроҳон “BEST DESIGNER INTERNATIONAL 2023” ва истеъдодҳои “BEST TALENT INTERNATIONAL 2023” баргузор шуданд.

Даври ниҳоӣ дар Истанбул баргузор шуда, дар миёни ширкаткунандагон моделҳо аз кишварҳои мухталифи ҳамсоя ва Аврупо низ ҳузур доштанд.

Супермодели моро сарпарастон аз Тоҷикистон, тарроҳи муд Умед Кучкалиев ва роҳбари ширкати Shoira Lux Empire дастгирӣ намуда, аз коллексияи нави худ ба ӯ тамоми либос ва ҷавоҳироти заруриро пешкаш карданд, ки Марям аз онҳо хеле миннатдор аст.

Ёдовар мешавем, ки Марям Шарапова дар ноҳия Ашти вилояти Суғд дар оилаи табиб ва дӯзанда ба дунё омадааст. Модараш ба ӯ маҳорати зебою хушлибоспӯширо талқин карда, барояш буридану дӯхтани либосро низ ёд додааст.

Вай маълумоти олиро дар Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон гирифтааст, аммо муддати дароз аз рӯи ихтисосаш кор накардааст.

Марям 12 сол пеш, соли 2011 ба Русия рафт ва дар аввал дар қаҳвахонаи хурдакакт фаррошӣ мекард ва зарф мешуст. Дар он вақт ин ҷавонзани зеборо ташкилкунандагони намоишгоҳҳо пай бурда, ба Москва даъват карданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД