Formula novemver 2024
АЗ ДУНЁ СЕР ШУДААМ, МАРДУМ!
28.07.2020
Р. Азимӣ
3554

 Ҷавони 19-солаи бемодарам. Азоби ятимӣ маро ба ин ҳол расонд, на рӯйи гарми модарамро дидаам, на аз меҳру муҳаббаташ як зарра бӯе шамидаам. Аз рӯзе, ки худро мешиносам, танҳо ҳақорат мешунавам.

Ёд надорам, ки касе ягон бор сарамро сила карда ба ман як сухани хуш гуфта бошад. Дар кӯчаҳо мисли девона мегардам, касе хоҳад, маро бо санг мезанад, озор медиҳад, таҳқиру дашном медиҳад. Дар баданам аз зарби мушту лагад ягон ҷойи обод намондааст. Аз дунё сер шудаам, намедонам сари сахтамро ба кадом дар занам. Фикр мекунам, ки агар модарам зинда мебуд, шояд мани бемор чунин хору зор намешудам. Хор шудам бе модар, хори сари роҳи ҳар касу нокас! Ятими кул нестам, падар дорам, вале тавре мегӯянд, модар, ки мурд, падар падарандар мешавад. Барои падарам аслан фарқ надорад, ки ман зиндаам ё мурда, парвои ғаму дарди ман надорад ин марди солор. Намедонам чӣ кор кунам? ба мани музлим маслиҳат диҳед?

Ёқуби бекасу кӯ, аз н. Ҳисор

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД