goodwell
"Аз дохили мошин 17 ҳазор сомонӣ дуздидааст" Гумонбар дастгир шуд
27.11.2026
Оила
39

"Аз дохили мошин 17 ҳазор сомонӣ дуздидааст" Гумонбар дастгир шуд

Як сокини 48-солаи Душанбе, ки қаблан се маротиба бо ҷурми дуздӣ суд шудааст, ин дафъа ба дуздии телефон ва 17 ҳазор сомонӣ гумонбар дониста мешавад.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, Табаров Раҳмоналӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ дастгир шудааст.
Гуфта мешавад, гумонбар дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт ба дуздии пул ва ашёи қиматбаҳои шаҳрвандон машғул будааст.

Аз ҷумла, ӯ аз дохили мошини боркаши тамғаи «Шакман», ки ба сокини 33-солаи Душанбе тааллуқ доштааст, як телефони мобилӣ ва 17 ҳазор сомониро дуздидааст.

Вобаста ба ин ҳодиса парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Милитсияи Душанбе аз шаҳрвандоне, ки аз кирдорҳои эҳтимолии Табаров Раҳмоналӣ зарар дидаанд ё ӯро дар содир намудани ҷиноятҳои дигар гумонбар медонанд, хоҳиш кардааст, тавассути WhatsApp ва Telegram ба рақами (+992) 018020202 муроҷиат кунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД