new banner new years
Аз чанд фоизи музди меҳнат алимент пардохт мекунанд?
1172

Бо шавҳарам як моҳ пеш ҷудо шудам, ду кӯдак дорам. Шавҳарам кор мекунад, агар ман ба суд муроҷиат кунам, ӯ барои таъмин намудани фарзандонамон чанд фоиз аз музди меҳнаташ алимент пардохт мекунад?

Моҳира, шаҳри Исфара

Андозаи алименте, ки барои кӯдакони ноболиғ тибқи тартиби судӣ ситонида мешавад, дар моддаи 81 Кодекси оила муќаррар гардидааст.

Ҳангоми мавҷуд набудани созишнома дар хусуси пардохти алимент барои фарзандони ноболиғ суд аз падару модари онҳо ҳар моҳ ба андозаи зерин алимент мерӯёнанд: барои як фарзанд чорьяк, барои ду фарзанд сеяк, барои се фарзанд ва зиёда аз он - нисфи музди меҳнат ва даромади дигари падару модар.

Ҳаҷми ин саҳм бо назардошти вазъи моддӣ ва оилавии тарафҳо ва дигар ҳолатҳои қобили таваҷҷуҳ аз ҷониби суд кам ё зиёд карда шуданаш мумкин аст. Бо ҳамин асос, агар Шумо ба суд бо аризаи даъвогӣ оиди рӯёнидани алимент муроҷиат кунед, пас шавҳаратон барои таъмин намудани ду кӯдакатон дар ҳаҷми сеяки музди меҳнат (33%) алимент бояд пардохт намояд.

Агар кӯдакон таҳти таъминоти пурраи давлат ё ташкилоти ҷамъиятӣ қарор гирифта бошанд, суд ҳуқуқ дорад андозаи алиментро кам кунад ё аз пардохти он озод намояд.

Маблағҳое, ки аз падару модар барои таъминоти кӯдакони дар муассисаҳои кӯдаконаи давлатӣ ҷойгиркардашуда пардохта мешаванд, дар ҳаҷми муқаррарнамудаи қисми якуми ҳамин модда ба ҳисобномаҳои шахсии тарбиятгирандагон дар бонкҳои амонатӣ гузаронида мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД