Formula july 2024
АЗ БОРОН ГУРЕХТА БА ЖОЛА ЗАДАМ!
20.01.2021
Р. Азимӣ
5685


Баъди 6 соли оиладорӣ, маҷбур шудам аз шавҳари майхораи бекорхӯҷа ҷудо шавам. Шавҳарам пулҳои аз ҳисоби майда-савдо пайдо кардаамро аз ман ситонида менӯшиду бо ман хархаша мекард. Баъдтар, мардеро дӯст дошта ба шавҳар баромадам.

Андаке даргузашта фаҳмидам, ки ин шавҳарам ҳам майхора будааст ва мисли шавҳари пешинаам беҳуда хархаша карда, баъдтар аз ин, маро мезанад. Ҳамаи инро бо азобе тоқат мекунам, ба он хотир, ки зани тоҷик ҳастам, шарму ҳаё дорам. Ғайр аз ин, мардум чӣ мегӯянд? Гапу гапчаҳо одамро мехӯрад. Чизи дигар, аз танҳо мондан метарсам. «Маълумотам олӣ, панҷ панҷаам ҳунар, чаро бахт надорам?»-гуфта ғусса мехӯрам.
Чӣ маслиҳат медиҳед?

Нилуфар, 25 сола, ш. Душанбе

Маслиҳат аз идора:
Нилуфар, вақти муносиб ёфта ҳангоми ҳушёриаш бо шавҳаратон гуфтугӯ кунед. Ба вай фаҳмонед, ки бо ӯ ба хотири рӯзгори шод ба сар бурдан оиладор шудаед, на барои аз борон гурехта ба жола задан. Ҳамчунин, фаҳмонед, ки бо ҷангу ҷанҷол ӯ натанҳо асабҳои шуморо хароб мекунад, инчунин, ин амалаш ба худаш ҳам беасар намемонад. Шояд ӯ шуморо мефаҳмад ва ҳарду пайи табобаташ мешавед ва ё шояд мегӯед, ки бе машрубот рӯзи худро тасаввур карда наметавонад. Он гоҳ шуморо лозим мешавад, ки ба қароре оед: истеду ба ҳамааш тоқат кунед ё равед. Албатта, оилавайрониро худо ба касе нишон надиҳад, аммо дар обу оташи дӯзах тапидан ҳам нашояд. Аз гапи мардум тарсида баҳори ҳаётатонро барои як марди ношуд хазон насозед. Шумо, ки дар синни 24 аллакай таҷрибаи бойи зиндагиро доред, аз танҳо мондан ҳаргиз натарсед. Бовар кунед, ки танҳо намемонед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД