Sebiston new 2024 october
Аз бонк қарз гирифта ба ҳаҷ рафтан равост?
764

Шахсоне ҳастанд, ки аз бонк қарз гирифта, ба ҳаҷ мераванд. Магар ин кори онҳо дуруст аст? Мехоҳам донам, ки дар асл дар кадом ҳолат ҳаҷ кардан ба кас фарз мешавад?

НОДИР, шаҳри Душанбе

Посух:

Зиёрати Каъба ва анҷом додани ҳаҷ шартҳои худро дорад. Ин шартҳо панҷто мебошанд:

1. Аҳли ислом, яъне мусулмон будан.

2. Ақли солим доштан.

3. Болиғ будани шахс.

4. Озод будан.

5. Тавоноии молӣ доштан.

Мусалмон будан шарти ҳатмӣ аст, зеро ибодат аз кофир қабул нест. Шахси кофир аввал ба мусулмон шудан даъват карда мешавад. Агар исломро бипазирад, баъд ӯро ба намозу закот ва рӯзаву ҳаҷ ва дигар ибодатҳо амр мекунанд.

Шарти дигари ба ҷо овардани ҳаҷ ин солимақл будани шахс аст. Паёмбари гиромии ислом, ҳазрати Муҳаммад (С.С) фармудааст:

"Қалам аз се кас бардошта шудааст: Аз хобида то бедор шавад, аз кӯдак то ба балоғат бирасад ва аз девона то солимақл гардад.” Ривояти Абудовуд (ҳадиси 4403).

Шарти сеюм болиғ будани шахси ҳаҷкунанда мебошад. Ҳаҷ кардан бар кӯдак фарз нест, аммо ноболиғ ҳамроҳи волидонаш ба ҳаҷ равад, дуруст аст. Дар ин ҳолат савоби ҳаҷ ҳам ба ӯ ва ҳам ба валияш дода мешавад.

Шарти чорум озодӣ, яъне ғулом набудан аст.

Ва ниҳоят шарти панҷум ин тавоноии молӣ мебошад.

“Ва барои Аллоҳ, ҳаҷҷи хона (Каъба) бар мардум воҷиб аст, барои касоне, ки тавоноии рафтан ба сӯи онро дошта бошанд.   (Сураи Оли Имрон: 97).

Мурод аз тавоноӣ, ки дар ин оят омадааст, тавоноии ҷисмонӣ ва тавоноии молӣ мебошад. Зери мафҳуми тавоноии ҷисмонӣ касе дар назар дошта шудааст, ки дорои ҷисми солим буда, қудрати таҳаммули машаққати сафар ба хонаи Аллоҳро дорад. Манзур аз тавоноии молӣ дорои маблағи харҷи рафтуомади хонаи Аллоҳ будани шахс мебошад.

Хулоса, касе, ки мехоҳад ҳаҷ кунад, бояд мусалмон, солимақл, болиғ, озод ва дорои имконияти молӣ бошад, то тавонад маблағи роҳкиро (масалан пули чиптаи ҳавопаймо) ва хароҷотҳои сафарро пардохт намояд, тӯшаи рафтуомад дошта бошад ва ба ғайр аз ин, дар хона маблағе дошта бошад, ки аҳлу аёли ӯ то баргаштанаш барои пеш бурдани зиндагии худ харҷ кунанд. Зиёрати ҳаҷ бо пули қарз раво нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД