Ҳукми ду бародар, ки яке мусулмон ва дигаре мушрики сарватманд аст, чист? Оё барои бародари мусулмон ҷоиз аст, ки туҳфаи бародари кофиру мушрикашро бипазирад ё на?
САИДАБРОР, н. Айнӣ
Посух:
- Барои мусулмон ҷоиз аст, ки туҳфаи бародари кофир ё мушрикашро бипазирад, зеро ин боиси нармшавии қалби ӯст. Шояд Аллоҳ (ба сабаби ин) ӯро ба Ислом ҳидоят кунад.