Завҷаам Наргиза ном дошта, бисёр зани инҷиқ аст. Гӯшу майнаи ҳамаро бо хӯрдагириҳояш мехӯрад. Тамоми ҳамсояҳо аз дасти ӯ ба дод омадаанд.
Дар хона бошад, падару модарам аз дасти ӯ ҷонбезор шуда, рӯзе баъд аз маслиҳат тасмим гирифтанд, ки дар қишлоқи поён хона харида, зиндагиашонро аз мо ҷудо мекунанд. Ҷони модари бечораам аз дасти келини ҷангара чунон ба лаб расида буд, ки дигар ҳатто рӯяшро дидан намехостанд. Наргизаро на танҳо дар хонаи мо, балки дар маҳаллаамон ҳам касе дӯст намедорад, чунки саг барин кораш ҷанг андохтану дилсиёҳӣ кардан аст. Дар ғайбат ҳамто надорад, як ҳамсояро ба дигараш бад карда, байнашон моҷаро барпо мекунад. Шояд, хонандаи азиз маро маломат намояд, ки мард шуда, зани худро бад мекунад, вале чӣ кор кунам, ки ҳеҷ илоҷи ин зани шаттоҳро наёфтам.
Занам на бо насиҳат одам шуд, на бо гапи бад, ҳатто ӯро мурдакӯб кунам ҳам, боз ҳамон нағмаҳояшро идома медод. Аз дасти ин зани ғайбатчию ҷанҷолӣ ба дод омадаам. Агар ҷавобашро диҳаму аз ӯ ҷудо шавам, фарзандонам зиндаятим мешаванд. Дилам ба фарзандонам месӯзад. Бечора фарзандонам низ аз кору рафтори модарашон ҳар рӯз ҷигархун мешаванд. Рӯзе нест, ки ягонтоашон аз мактаб бо чашми гирён ба хона наомада бошанд. «Ҳамсоя очама ғайбатчӣ гуфт» гӯён, алам мекунанд.
Ҳамсояҳо ба зани ман ҳатто лақаб мондаанд - “Бибиси”! Акнун тасаввур кунед, ки бечора фарзандони ман ин ибораро шунида, ба чӣ ҳолу аҳвол меафтанд! Гумон мекардам, ки ақаллан ба хотири фарзандон аз гапчинию ғайбат худдорӣ мекунад, вале имрӯз, аз кор баргашта, занамро бо ҳамсоя даст ба гиребон дидам. Ҳар рӯз ҳамсояҳо аз рӯйи занам ба ман шикоят мекунанд. Ростӣ, дар ҳоли ногуворе қарор дорам, чӣ кор карданамро намедонам. Магар ягон марди дунё бо чунин зан тоқат мекунад? Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
Расули қурғанӣ