Arzon march 2024
АЗ ҚАРЗ ДОДАН МЕТАРСАМ
24.03.2021
ОИЛА
2459


Бо Зулайхо 31 сол боз дӯсту дугонаем. Ў духтари хуб аст. Аммо мушкилоти зиёде дораду барои ҳаллашон ҳамеша қарз мегирад. Аз ман борҳо пулҳои майдаро қарз гирифта, барнагардонидааст.

Имрӯз ба ӯ пули калон лозим аст ва чун медонад, ки ин миқдор пулро дорам, аз ман мепурсад. Медонам, ки ӯ сабабҳои узрнок дорад, аммо чунин пули калонро таваккал карда дода наметавонам. Мехоҳам бо бачаҳоям ба ягон истироҳатгоҳ равем. Аз тарафи дигар Зайнаб ба ман бегона нест. Чӣ бояд кард?

Мукаррам, 37 сола

Маслиҳат:
Қарори қатъиро дар чунин ҳолат танҳо худи шумо бароварда метавонед. Аммо ин масъаларо ба ин тарз, осон ҳал кардан ҳам мумкин аст: Оқибати рад кардан аз қарздиҳиро пеши назаратон оред.Ин амалатон ба саломатӣ ва асаби дугонаатон чӣ таъсире мерасонад? Бепулӣ ба пешравии корҳояш чӣ таъсир мерасонад?

Ў метавонад, бидуни кӯмаки шумо масъалаҳои худро ҳал намояд, аз бонк қарз гирад ё аз бегонагон? Дар сурати пулҳоятонро чун қарз ба дугонаатон додан, фароғатро бо фарзандонатон мавқуф мегузоред? Метавонед, оиди қарзро дар вақташ баргардонидани дугонаатон, бо ӯ шартномаи
қонунӣ бандед? Ва дар охир, суоли ниҳоят муҳим: метавонед баъди рад кардани қарздиҳӣ ё ба расмият даровардани қарзи додаатон бо дугонаатон муносибатҳоро чун пештара нигоҳ доред?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД