Formula novemver 2024
Аз ҳамлаи қирғизҳо 70 зану кӯдак дар таҳхона пинҳон шудем
1411

 

“То саҳар худоро зора карда баромадем, ки инсоф ба қирғизҳои курдил диҳад ва мо тоҷикон тинҷу амон бошем. То саҳар мижа таҳ накарда сҳарӣ чашми рӯз накафида кӯдаки семоҳаро ба оғушам карда бо келин аз тарси ҷангу ҷон чӣ хел гурехтем худамон ҳам намедонем.”

Ваҳшати ҷангро Ашур Абдуллоева, сокини маҳаллаи Сомониёни шаҳри Исфара нақл мекунад. Ӯ 18 сол аст, ки дар ҳамин маҳалла зиндагӣ мекунад ва аз ҷангу низоъҳои солҳои охир дилгир шудааст.

“9 сол ғурбату ҳақорату сангзанӣ идома дошт. Охираш нимаи моҳи сентябр ҷанг бо тиру туфангу дигар техникаҳои ҷангӣ сар шуд, ки тафолоти ҷонӣ дар пай гузошт. Даҳҳо хонаҳои мардуми осоишта сӯхта ба хокистар табдил ёфт. Мо бо тарсу ваҳм зиндагӣ мекунем. Бегоҳ, ки шуд дилаи касро ваҳм фаро мегирад ки “оё шабро саҳар мекарда бошем?”-мегӯяд ӯ.

                     Дар даст тифли семоҳа гурехтем

Хонаи ин ҳамсуҳбати мо дар назди қабристони қирғизҳо воқеъ аст. Ӯ рӯзи шуми ҷанги сарҳадӣ миёни тоҷику қирғизро чунин қисса кард: 16-уми сентябр вақте хоб будем занги телефонӣ шуд, ки гурезед, ки қирғизҳо ҳуҷум карда истодаанд. То саҳар мижа таҳ накарда саҳарӣ чашми рӯз накафида, кӯдаки семоҳаро ба оғушам карда, бо келин аз тарси ҷангу ҷон чӣ хел гурехтем худамон ҳам намедонем. Мардҳои мою ҳамсояаамон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, аз ин рӯ онҳо низ ҷамъоҷам 5 оила ҳамон шаби наҳс дар хонаи мо хоб будем.

“Дар таҳхонаи бетонии ҳамсоя беш аз 70 кас ҳамон ҷо пинҳон шудем. Садои тиру туфанг, пақу пуқ овози гиряи кӯдакони маъсумро боз ҳам баландтар мекард. Ман, ки фишорам баланд шуд аз ҳуш рафтам. Ҳатто дар он бесарусомонӣ духтур набуд, ки дору диҳад ё сӯзандору гузаронад.

Дар таҳхона кӯдакон зиёд “меравем меравем” карда гиряю нола, ки карданд бо кӯмаки мардҳо ба ҷамоати Чоркӯҳ , ки амнтар аст -рафтем.”

     “Ту тоҷик, ту қирғиз” гуфтани гап набуд

Абдуллоева аз аҳдшиканиҳои қирғиз ҷон ба лаб расидааст. Ӯ мегӯяд 9 сол аст, ки аҳди оштию оташбас мебанданд, аммо боз қирғиз аҳдшиканӣ мекунад. Дигар ба аҳду паймони ин зоти муғул бовар надорад.

“Мо ҳамеша зери фишори қирғизҳо қарор мегирем. Вақти мавсими обмонии маҳсулоти полезӣ ҳамин ки ба сари ҷуйи об равем ҷанг мекунанд, ки ин ҷуйи мост, ин оби мост... ту аз ин ҷо об нахур. Ҳол он ки мо тариқи ҳашар аз Хоҷа Аъло обро бароварда будем. Ҳамин хусумату бадбинии қирғизҳо 9 сол пеш сар шуд. 9 сол қабл байни мо “ту тоҷик” “ту қирғиз” гуфтагӣ гапҳо набуд. Дустона зиндагӣ мекардем.

Зиндагии миёнаҳолона дорем. Чунки даромади оилаи мо аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатии шавҳарам аст. Панҷ моҳ қабл аз ин ҳодиса, ӯро ба Русия гусел када будам. Дар муддати сипаришуда шавҳарам ҷои кори дақиқ ҳам надошт. Вақте ҷанг сар шуд, мо танҳо будем ва ӯ маҷбур шуд, ки ба назди мо баргардад. Акнун намедонем, ки аз кадом ҳисоб зиндагӣ мекунему рӯзгорамонро пеш мебарем?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД