Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ба Ӯзбекистон беш аз 1,5 миллион нафар шаҳрвандони хориҷӣ сафар кардаанд, ки беш аз 536 ҳазори онҳо шаҳрвандони Тоҷикистонанд.
Ба зикри мақомоти ин кишвар, дар се моҳи аввали соли ҷорӣ ба Ӯзбекистон беш аз 1 миллиону 519 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ ворид шудаанд, ки ин рақам нисбати соли гузашта 31,7 хазор нафар ё худ 2,1 % зиёд аст. Гуфта мешавад, ки дар ин миён шаҳрвандони тоҷик пешсафанд.
Ҳамзамон, дар ин муддат аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон 536,5 ҳазор нафар сафар кардаанд. Дар ҷойҳои баъдӣ шаҳрвандони Қирғизистон - 442 ҳазор ва Қазоқистон - 262,6 ҳазор нафар қарор доранд.
Бояд гуфт, ки шуруъ аз соли 2016 сайёҳӣ дар ин кишвар як соҳаи стратегӣ эълон шуд. Ҳадаф гузошта шудааст, ки то соли 2030 ба Ӯзбекистон 15 миллион сайёҳи хориҷӣ ҷалб карда шуда, арзиши хизматрасониҳои сайёҳӣ то ба 5 миллиард доллар расонида шавад.