Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки аз 8 то 10-уми май дар Тоҷикистон тӯфони сахти чангу ғубор дар назар аст.
Шамол то 15-20 м/с меафзояд ва ин боиси бад шудани сифати ҳаво дар саросари ҷумҳурӣ мегардад. Инчунин, афзоиши назарраси чанг ва консентратсияи зарраҳои зараровар ба атмосфера дар назар аст, ки метавонанд боиси авҷ гирифтани бемориҳои роҳи нафас ва дилу раг гарданд. Ин махсусан барои кӯдакон, пиронсолон ва онҳое, ки гирифтори бемориҳои музмин мебошанд, хатарнок аст.
Илова бар ин, тибқи маълумоти обуҳавошиносон, аз 6 то 7-уми май дар вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон борони сел дар назар аст.
"Ин падидаҳои табиӣ метавонанд дар манотиқи кӯҳистон ва водиҳо боиси омадани сели шадид шаванд",- омадааст дар иттилоияи Агентӣ.