1xbet
Аз 4-уми июл тайёраҳо аз Душанбе ба Машҳад парвоз мекунанд
62

Шуруъ аз 4-уми июл парвози тайёраҳо дар масири Душанбе-Машҳад барқарор карда мешавад. Дар ин хусус масъулини намояндагии ширкати Varesh Airline-и Эрон дар шаҳри Душанбе ба расонаҳо хабар додаанд.

«Айни замон парвози тайёраҳо танҳо ба шаҳри Машҳад имконпазир буда, ҳанӯз маълум нест, ки парвоз дар масири Теҳрон кай барқарор мешавад”,- гуфтаанд намояндагони ширкат.

Аз Душанбе ба шаҳри Машҳад тайёра ҳафтае ду маротиба, рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа парвоз хоҳад кард.

Ёдрас мешавем, ки бо сабаби даргириҳо байни Эрон ва Исроил ба хотири таъмини амнияти мусофирон роҳҳои ҳавоии ин кишвар баста шуда, парвози тайёраҳо ба ҳама самтҳо манъ гашта буд. Аммо акнун эрониёне, ки дар Душанбе ҳастанд ва дигар афроде, ки нияти сафар ба ин кишварро доранд, метавонанд ба шаҳри Машҳад парвоз намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД