Дар бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини вазир Амирзода Абдухолиқ, роҳбарони ташкилотҳои байналмиллалии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ЮНИСЕФ, Гави, директори генералии Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”, роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустӣ ва васоити ахбори омма ҷаласа оид ба баргузории “Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Бино ба иттилои Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика, мақсади асосии чорабинӣ баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба аҳамияти иммунизатсия дар самти нигоҳдории солимии аҳолӣ мебошад.
- Имсол 50-солагии Барномаи васеъи иммунизатсия дар сатҳи глобалӣ ҷашн гирифта мешавад. Яъне шуруъ аз соли 1974, ҳар як давлати ҷаҳон истифодабарии Барномаи васеъи иммунизатсияро бо мақсади пешгирӣ намудани бемориҳои сироятии хатарноке, ки ба оризаҳои вазнину фавти аҳолӣ оварда мерасонд, оғоз намуд,- меафзояд манбаъ.