Formula novemver 2024
Аз 17 то 20-уми январ дар ноҳияҳои тобеъ ва гирду атрофи Душанбе барфу борон пешгӯйӣ шудааст
16.01.2025
ОИЛА.ТҶ
536

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки тибқи маълумоти пешакӣ, аз 17 то 20-уми январи соли 2025 дар ноҳияҳои доманакӯҳу кӯҳистони тобеи ҷумҳурӣ ва гирду атрофи шаҳри Душанбе боридани борону барф пешгӯйӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар аксари ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ боришоти шадид, паст шудани ҳарорати ҳаво ва фаромадани туман дар назар аст. Дар шоҳроҳҳои Душанбе-Чаноқ, Душанбе-Рашт-Лахш, Нуробод-Сангвор, Душанбе-Хоруғ хатари фаромадани тарма, яхбандӣ ва рехтани санг боқӣ мемонад.

Дар робита ба ин, Кумита аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш кардааст, ки ҳангоми истифода аз гармкунакҳои барқӣ қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро қатъиян риоя намуда, аз гармкунакҳои барқии худсохт истифода набаранд. Ҳамзамон, дархост шудааст, ки шаҳрвандон ҳангоми истифода бурдани оташдонҳо эҳтиёт бошанд ва кӯдаконро танҳо нагузоранд.

Кумита инчунин бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ аз аҳолӣ хоҳиш кардааст, ки ҳангоми истифодаи роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, воситаҳои нақлиёти худро ба сафар омода созанд ва ё агар имкон бошад, аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок худдорӣ намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД