Sebiston new 2024 october
Қайсингилҳоям таҳдид доранд, ки писаратро мекушем...
2311


Салом кормандон ва мухлисони ҳамешагии ҳафтаномаи “Оила”. Ман як зани хонашин ҳастам, ки дар зиндагиам бисёр шиканҷа дидаам. Соли 2015 шавҳар карда, аз рӯзи аввал зиндагиам хуб набуд.

Шавҳарам яккаписар буда, се қайсингили калони бешавҳар дорам. Хушдоманам муаллима вабисёр инсони хуб аст. Аммо наметавонад, ки духтарони бадрашкашро ором созад, то ки ба зиндагии бародарашон халал нарасонанд. Бояд қайд намоям, ки пеш аз ман шавҳарам се маротиба оиладор шудааст. Вале занҳои пешинаи шавҳарам ба зулму шиканҷаи қайсингилҳо тоб наоварда, аз хона баромада рафтанд. Хоҳарони шавҳарам ҳатто янгаҳои ҳомиладорашонро бо туҳмат ва суханҳои қабеҳ аз хонаашон пеш кардаанд.
Акнун навбати мани бетақдир расидааст. Дар панҷ соли зиндагӣ чӣ азобу шиканҷаҳоеро, ки аз дасти хоҳаршӯйҳо надидам. Вақте ҳомила шудам, қаҳру ғазаби қайсингилҳоям зиёд шуда, аз ман душман метарошиданд. Модарашон бошад, ҳамеша бо ман “бачем” гуфта, муомилаи хуш мекарданд.
Чандин сол аст, ки модарам дар бистари беморӣ хоб асту азият мекашад, вале қайсингилҳои ман ба ҳоли модари беморам хандида, маро масхара мекарданд. Намедонистам чӣ кор кунам, бо онҳо сар ба сар шуда наметавонистам. Ғаму андуҳи худро дар ибодати Худовандсабук мегардонам, вале ҳар вақтеонҳо маро машғули қироати Қуръон бубинанд, ҷодугар гуфта, ҷангу ҷанчол мекарданд. Таъсири суханони қайсингилҳоям ба хушдоманам низ таъсир карда, ӯ низ бо ман дағал шуда, намехоҳанд мо зиндагии хубу ором дошта бошем.
Ҳоло ба хонаи падарам баргаштаму писарамро онҷо таваллуд кардам. Касе ба суроғам наомад,қайсингилҳоям “дигар ба ин хона набиё” гуфта, моро роҳ надоданд. Ҳатто таҳқир мекунанд, ки ин хонаи падарат нест, ки ту омада каттагӣ кунӣ ё ин хонаро падарат насохтааст, ҳатто таҳдид карданд, ки агар ба хонаи мо биёӣ, писаратро мекушем. Ман дар назди онҳо ягон гуноҳ надорам, ҳамин қадар гуноҳ дорам, ки бо писарашон оиладор шудаам.
Ҳавлии хушдоманам 10 сохит замин дорад, вале ману шавҳарамро дар як хонаи танг ҷой додаанд, бар замми ин намегузоранд, ки дар ҳамон ҷои танг зиндагии ором дошта бошам. Якуним сол мешавад, ки хонаамро надидаам, дилам барои зиндагии орому осуда ва падари писарам гум мезанад, вале чӣ кунам, ки моро имкон намедиҳанд, зиндагии хуб дошта бошем.
Ҳарчанд азобҳои зиёд медоданд, вале шавҳарам ҷуръат намекард, ки маро ҷонибдорӣ намояд. Шавҳарам аз хоҳаронаш метарсид, чунон дод мезаданд, ки замину осмон меларзид. Аз минбари баланди ҳафтаномаи “Оила” ба қайсингилу хушдоманам муроҷиат карда мегӯям, ки “дигар моро азоб надиҳед, гузоред, ки мо зиндагии орому осуда дошта бошем. Охир, ман ҳамсари писаратон ҳастам ва мо писарчаи нозанин дорам, ки ба оғӯши падар ниёз дорад”. Махсусан ба хушдоманам гуфтаниям, ки аз пушти духтарҳояшон бори чорум зиндагии писарашонро вайрон накунанд ва беҳуда маро азият надиҳанд, зеро ман ҳам дар он ҳавлӣҳақи зиндагӣ карданро дорам.
З., аз ш.Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД