Як модари ҷавон бо ду кӯдаки хурдсолаш дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд аз дуди ангишт заҳролуд шуда, духтари чорсолаашро аз даст додааст.
Ин ҳодиса шаби 7 ба 8-уми январ дар деҳаи Кумарғи ин ноҳия рух дода, дар пайи он Анорҷони Муллобоқӣ, сокини 28-солаи ин деҳа бо писари 6-сола ва духтари 4-солааш заҳролуд шудаву аз ҳуш рафтаанд. Ҳарсеи онҳо ба бемористони ноҳияи Айнӣ интиқол ёфта, дар он ҷо духтарчаи чорсола вафот кардааст. Модар бо писари хурдсолаш рухсат шудаанд.
Дар ин бора Диловар Ҳамдамов, масъули матбуоти Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд ба расонаҳо хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, ин аввалин ҳодисаи заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар вилояти Суғд дар соли 2026 аст. Соли гузашта, ба қавли Ҳамдамов, дар ҳудуди ин вилоят чунин ҳодиса ба қайд гирифта нашудааст.