Ситоди мураббиёни мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Горан Стеванович ҳайати дастаро барои бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бар зидди тими миллии Филиппин, ки 31-уми март дар Ҳисор баргузор мешавад, эълон кард.
Бисту панҷ бозигар барои омодагӣ ба вохӯрии дарпешистода ба мунтахаби миллӣ даъват шуданд – 3 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар. Рӯйхати ниҳоӣ барои бозӣ 23 бозигарро дар бар мегирад.
Ҳимоятгари дастаи "Сипоҳон"-и Эрон Ваҳдат Ҳанонов бинобар надоштани таҷрибаи бозӣ ба мунтахаби миллии Тоҷикистон даъват нашуд. Нимҳимоятгар Амадонӣ Камолов («Гул Гуҳар») бошад, бинобар ҷароҳат доштанаш дар вохӯрии дарпешистода ширкат намекунад.
Ҷамъомади тамринии мунтахаби миллӣ 23-юми март дар шаҳри Душанбе оғоз мешавад.
Бозии шашуми даври интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» байни Тоҷикистон ва Филиппин 31-уми март дар варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор гашта, соати 19:00 оғоз мешавад.