Автобусе, ки бо хатсайри Шимкент-Самара ҳаракат мекард, дар вилояти Актюбини Қазоқистон, ки бениҳоят сард аст, шикастааст.
Бино ба иттилои расонаҳои қазоқӣ, 82 нафар мусофирони автобус, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Русия мебошанд, аз ҷониби наҷотдиҳандагони Қазоқистон ба ҷойи гарм бурда шудаанд.
Гуфта мешавад, ки дар байни мусофирони автобуси шикаста 3 нафар кӯдакон низ будаанд.